TIКA харитаҳои сайёҳии Тоҷикистонро ба нашр расонид
ДУШАНБЕ, 17.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Харитаҳои сайёҳии Тоҷикистон, ки бо кумаки техникии Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия /TIКA/ аз чоп баромаданд, бо мақсади фарогирии бештари сайёҳону меҳмонон ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуданд.
Аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки имрӯз дар заминаи рушди ҳамкории дуҷониба оид ба татбиқи лоиҳаҳои имконпазир дар соҳаи сайёҳӣ ва таблиғу ташвиқи захира ва имконияти сайёҳии Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ва Ҳамоҳангсози Агентии ҳамкории байналмилалии Туркия дар Тоҷикистон Ибраҳим Эрбир баргузор гардид.
Фаъолияти TIКA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз ҳамкории техникӣ дар соҳаҳои мухталиф иборат буда, намояндагии ин созмон ҷараёни расондани кумаки техникиро ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои иқтисод, инфрасохтор, фарҳанг, маориф, баланд бардоштани тахассус ва ғайра амалӣ менамояд. Дар соҳаи сайёҳӣ низ солҳои охир ҳамкорӣ бо ин ниҳод тақвият ёфта истодааст.
Дар интиҳо ҷонибҳо атрофи нақшаю барномаҳои дар оянда амалишаванда мубодилаи афкори судманд намуданд.
Қобили зикр аст, ки моҳи июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Туркия оид ба сайёҳӣ баргузор гардида, дар он миёни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.
Таҷрибаи Туркия барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, хизматрасонӣ, роҳҳои муосири тарғибу ташвиқи имконияти сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва идораи истироҳатгоҳҳо, омодасозии мутахассисони сайёҳӣ ва дигар самтҳои бахши сайёҳӣ қобили истифода мебошад.
Акс аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд






