ТИРБОРОН ВА ЗИНДОН. Дар артиши Масъуд дар бораи амалҳои ваҳшиёнаи толибон дар Панҷшер нақл карданд

Сентябрь 20, 2021 13:10

ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон Муҳаммад Солеҳ Регистонӣ дар бораи ҷиноятҳое, ки ҷонибдорони ҷунбиши радикалии «Толибон»* баробари ворид шудан ба Панҷшер анҷом доданд, нақл кард. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Sputnik хабар медиҳад, шабакаи телевизионии Aamaj News видео бо муроҷиатномаи артишро ба нашр расонидааст.

Дар видео дида мешавад, ки дар минтақаи кӯҳистон дар баробари фармондеҳ тақрибан 15 ҷангии мусаллаҳ истодаанд.

Ба гуфтаи Регистонӣ, тундгароҳо бе иҷозат хонаҳои сокинони музофотро кофтуков карда, инчунин мардуми бегуноҳро паронданд. Ҳамзамон онҳо ба хешовандон дафн кардани мурдаҳоро манъ карданд.

Фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон гуфт: «Ман аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус созмонҳои башардӯстона хоҳиш мекунам, то бифаҳманд, ки толибон пас аз шиканҷа чӣ қадар одамони бегуноҳро дар зиндони Каписа ҳабс кардаанд».

Вай зикр намуд, ки ҷонибдорони “Толибон”* ҳар рӯз дар Панҷшер чунин ҷиноятҳо содир мекунанд. Дар деҳаҳо ҷангҷӯён одамонро боздошт карда, аз онҳо талаб мекунанд, ки силоҳҳояшонро супоранд. Дар сурати набудани силоҳ толибон тамаъҷӯёна пул талаб мекунанд.

«Муқовимат зинда аст ва ҷиноятҳо ба толибон барои ғалаба кардан дар Афғонистон ва замини муборизони Панҷшер барои озодӣ кумак нахоҳанд кард», -таъкид кард Регистонӣ.

Ёдовар мешавем, ки ҷангҷӯён тавонистанд ба вилоят, ки ягона минтақаи берун аз назорати онҳо буд, дароянд. Артиши муқовимат маҷбуран ба кӯҳҳо ақибнишинӣ намуд.

Ба гуфтаи намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, онҳо 65 дарсади қаламрави Панҷшерро назорат мекунанд ва муборизаро бо тундгароҳо дар дигар вилоятҳои Афғонистон идома медиҳанд.

                                      АКС: скриншоти видеокадр дар  www.youtube.com

___________________________

* Толибон — ҳаракати террористие, ки дар Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мамнуъ аст.

 

Сентябрь 20, 2021 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд
Тағйирёбии иқлим ба Олмон метавонад 900 миллиард евро зарар расонад
Ин мавсим дар ШМА аз зуком 18 ҳазор фавт ба қайд гирифта шудааст
Майдони яхҳои баҳрии атрофи Антарктида ба ҳадди рекордии миёна коҳиш меёбад
Бар асари сӯхтор дар анбори сӯзишворӣ дар Ҷакарта 17 нафар ба ҳалокат расид
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Сайри ҳаррӯза марги барвақтиро пешгирӣ менамояд