Тоҷикистон дар вилояти Фарғонаи Узбекистон кӯдакистон бунёд намуд

Сентябрь 24, 2021 15:37

ДУШАНБЕ, 24.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон бо харҷи 13 млн  350 ҳазор сомонӣ кӯдакистон бунёд намуд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар маросими ифтитоҳи кӯдакистони «Шапарак» Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва дигар намояндагони ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки ин даргоҳи маърифат туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фарзандони сокинони ноҳияи Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Узбекистон мебошад, ки бо нишони эҳтироми баланду самимӣ нисбат ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя бунёд шудааст.

Кӯдакистон бо тарҳи замонавӣ бунёд шуда, барои 200 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст.

Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори бозии кӯдакон, толори хоби кӯдакон, толори қабули кӯдакони томактабӣ, ҳуҷраи либосивазкунӣ ва ҳуҷраи техникӣ ҷойгир карда шудаанд.

Дар ошёнаи дуюм толори бозии кӯдакон, толори хоби кӯдакон, ҳуҷраи мураббиён, толори бозиҳои гимнастикӣ, толори омӯзиши шуғли мусиқӣ ҷойгир карда шудаанд.

Аксҳо аз Вазорати маориф ва илми ҶТ

Сентябрь 24, 2021 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт