Тоҷикистон ва Покистон барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон»* ва тоҷикон ба ифоқа расиданд

Сентябрь 17, 2021 21:46

ДУШАНБЕ, 17.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Покистон ба ифоқа расиданд, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон»* ва тоҷикони Афғонистон мусоидат хоҳанд кард. Дар ин бора имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти матбуотӣ пас аз музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон изҳор доштанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон, аз ҷумла изҳор доштанд, ки зимни баррасии вазъи имрӯзаи минтақа қазияи Афғонистон дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт.

Вазъи кунунӣ дар он кишвар нигаронкунанда арзёбӣ гардид.

Бино ба суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамсоякишварҳои Афғонистон ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвари азиятдида беш аз ҳама манфиатдоранд ва ба  эҳёи иқтисоди миллии Афғонистон таваҷҷуҳи хос зоҳир  менамоянд.

«Мо бар онем, ки ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон, ҳамчун кишвари пайвандгари шабакаҳои нақлиётии минтақавӣ ва байналмилалӣ, хоссатан барои кишварҳои ҳамсоя муҳим мебошад», — изҳор доштанд Президенти Тоҷикистон.

Дар ин зимн, изҳори умед карда шуд, ки  сулҳу субот дар ин кишвари ҳамсоя ҳарчӣ зудтар барқарор гардида, манфиатҳои тамоми гурӯҳҳои сиёсиву қавмӣ дар Афғонистон ба эътибор гирифта мешаванд.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расониданд, ки Давлати  Тоҷикистон ҷонибдори ҳукумати фарогир дар  Афғонистон бо иштироки намояндагони тамоми гуруҳҳои иҷтимоӣ мебошад.

Ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар ҳукумати фарогир тоҷикон ва дигар қавмиятҳо бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

«Сулҳу субот дар Афғонистон фақат бо ҳамин роҳ таъмин мегардад», — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Сарвари давлати Тоҷикистон таъкид бар он намуданд, ки ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хабар доданд, ки Тоҷикистон ва Покистон   барои расидан ба ин ҳадафҳо сафарбар хоҳанд кард.

«Мо ба ифоқа расидем, ки барои дар шаҳри Душанбе гузаронидани гуфтушунидҳо байни «Толибон»* ва тоҷикон мусоидат хоҳем намуд», — гуфтанд Эмомалӣ Раҳмон.

                                                                            Бекназар АБӮБАКР,
                                                                               АМИТ «Ховар

                                     АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

__________________________

*Толибон – ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон

Сентябрь 17, 2021 21:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон