ЯК РӮЗ ДАР ТАЪРИХ. Расо даҳ сол пеш, дар зодрӯзаш, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Кобул собиқ Президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ кушта шуд

Сентябрь 20, 2021 15:23

ДУШАНБЕ, 20.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Расо даҳ сол пеш, 20 сентябри соли 2011 дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Кобул собиқ Президенти  Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ кушта шуд. Имрӯз ҳамчунин аз рӯзи таваллуди ӯ 81 сол сипарӣ мешавад.

Бурҳониддин Раббонӣ соли 1940 дар шаҳри Файзобод- маркази маъмурии вилояти Бадахшон дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Падари ӯ чорводор буд.

Бурҳониддин дар мактаби динии Абӯҳанифа, сипас дар факултаи илоҳиёти Донишгоҳи Кобул таҳсил карда, фалсафаи исломиро дар Миср дар Донишгоҳи Ал-Азҳар омӯхтааст. Аз соли 1963 профессори Донишгоҳи Кобул гардида, дар он аз шариати ислом дарс мегуфт. Вай соли 1968 ба Афғонистон баргашт.

Бурҳониддин Раббонӣ солҳои 80-90-ум аз пешвоёни муҷоҳидини афғон буд. Вай пас аз сарнагун шудани ҳукумати Наҷибулло соли 1992 вазифаи Президенти Афғонистонро ба уҳда гирифт ва то истеъфои расмӣ, яъне то 22 декабри соли 2001 дар ин вазифа кор кард. Раббонии 71-сола то охири умр Шӯрои олии сулҳро раҳбарӣ мекард, ки вазифаи асосии он бурдани гуфтушунид миёни мақомоти Афғонистон ва толибон буд.

Раббонӣ аз моҳи июни соли 1992 то декабри соли 2001 ба таври расмӣ кишварро идора мекард, аммо дар асл қариб тамоми давраи ҳукмронии ӯ дар кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ рост омада буд. Дар вазифаи президент ӯро Ҳамид Карзай иваз намуд.

Бурҳониддин Раббонӣ 20 сентябри соли 2011 дар манзилаш, дар ноҳияи Вазир Акбархони Кобул зимни мулоқот бо ду намояндаи толибон бар асари таркиши бомбае, ки дар саллаи маргталаб пинҳон буд, кушта шуд.

Мушовири Карзай Маъсум Станекзай ҳангоми таркиш дар хонаи Раббонӣ буд, аммо бо вуҷуди бардоштани ҷароҳатҳои зиёд зинда монд.

2 сентябри соли 2021 собиқ Президенти Афғонистон Бурҳониддин Раббонӣ ва собиқ Вазири мудофиаи ин кишвар Аҳмадшоҳи Масъуд бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз марг бо ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 мукофотонида шуданд.

Сиёсатмадорони афғон барои мусоидат дар баргузории музокирот миёни тоҷикон дар давраи солҳои 1993-1996 ва саҳми бузурги онҳо дар раванди истиқрори сулҳ дар хоки Тоҷикистон бо мукофотҳои  Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд.

Ордени “Исмоили Сомонӣ” баландтарин мукофоти давлатии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Сентябрь 20, 2021 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон