Ҷабҳаи зидди толибон дар вилояти Каписои Афғонистон ҷанги партизанӣ эълон кард

Октябрь 20, 2021 12:28

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари роҳбари эътилофи зидди толибон Аҳмадшоҳи Масъуд аз оғози муборизаи мусаллаҳона бар зидди ҷангиёни ҳаракати «Толибон»* дар вилояти Каписо хабар дод. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба INTERFAX.RU иттилоъ  медиҳад.

Дар паёми видеоии Ҷабҳа, ки дар сомонаи хабаргузории иттилоотии Афғонистон Aamaj News нашр шудааст, гуфта мешавад, ки муборизони Ҷабҳаи муқовимат дар қатори Панҷшер ва Андароб дар вилояти Каписо низ  бар зидди толибон ҷанги мусаллаҳи партизанӣ мебаранд.

Дар пасманзари хуруҷи неруҳои ИМА ва НАТО моҳи август аз Афғонистон ҷангҷӯёни ҳаракати «Толибон»* қариб ҳамаи музофоти кишварро тақрибан бидуни ҷанг забт карданд. 15 август радикалҳо пойтахти кишвар- Кобулро низ бе ҷанг гирифтанд, ки пас аз он президент Ашраф Ғанӣ ва аъзои ҳукумати  ӯ аз он ҷо фирор карданд.

Баъдан, тӯли беш аз ду ҳафта толибон, ки аз ҳисоби ҷангиёни кушташуда  ва асирафтодаашон талафоти зиёд дида буданд, кӯшиш карданд ба ягона вилояти забтнашуда- Панҷшер ҳамла кунанд. 6 сентябр онҳо аз забти водӣ хабар доданд. Аммо намояндагони Ҷабҳаи муқовимати миллии зидди толибон иддао доранд, ки радикалҳо бо кумаки авиатсияи Покистон тавонистанд танҳо дараи асосии Панҷшерро ишғол кунанд ва ҳамаи 23 дараи дигари минтақа таҳти назорати ҷабҳа қарор доранд. Ба иттилои ҷабҳа, ҳамзамон бо Панҷшер дар водии Андароби музофоти Бағлони ҳамсоя низ муқовимати мусаллаҳона ташкил шудааст.

________________________________

* «Толибон» — ташкилоти террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар давлатҳо 

                                                                                    АКС: AP 2021

Октябрь 20, 2021 12:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад