Адиби шинохта Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ даргузашт

Октябрь 18, 2021 11:27

ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Донишманд ва адиби номдор, яке аз чеҳраҳои маъруфи тоҷикони Узбекистон Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, дар синни 78-солагӣ дар зодгоҳаш шаҳри Самарқанд даргузашт. Дар ин бора субҳи имрӯз нависанда Адаш Истад, ки ҳоло дар Самарқанд зиндагӣ мекунад, хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, маросими видоъ бо адиби шинохта пас аз зуҳри имрӯз, 18 октябр соати 14 дар деҳаи Кӯйи сахои Самарқанд доир мешавад.

Ҳаёт Неъмат 31 июли соли 1943 дар деҳаи Қаволаи Самарқанд ба дунё омада, аз донишмандони шинохтаи тоҷик буд, ки дар Узбекистон мезист.

Аз 16-солагӣ ба ду забон (тоҷикӣ ва ӯзбекӣ) шеър мегуфт. Намунаҳои ашъораш дар рӯзномаву маҷаллаҳои гуногуни Узбекистон, Тоҷикистон, Эрон, Эстония, Фаронса, Лондон, Амрико, Исроил чоп шудаанд. 100 ғазали Саъдии Шерозӣ, 120 ғазали Ҷомӣ ва  ашъори дигар шоирони дигари ҷаҳонро тарҷума кардааст.

Дар соҳаи драманависӣ ҳам худро санҷидааст: драмаҳои манзуми «Меҳри пирӯз ё зодаи нур» ва дилогияи «Дарди рӯзгори Одам» иборат аз ду намоишнома («Бародаркуш» ва «Фаромӯшӣ») аз он ҷумлаанд.

Ҳаёт Неъмат тӯли беш аз 30 сол  тазкираи адибон, шоирон, донишмандони гумноми охири асри XIX ва аввали асри XX-ро фароҳам овардааст ва то  вопасин рӯзи ҳаёташ  дар таҳқиқи  рӯзгору осори  шахсиятҳои баруманд ва озодихоҳи тоҷик заҳмат мекашид. Дар соҳаи илми адабиётшиносӣ доир ба эҷодиёти Мавлавии Балхии Румӣ чанд таҳқиқоти илмиро,  аз қабили  монографияҳои «Фарҳанги мардумии осори Мавлавӣ» (2014) ва «Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ дар осори Мавлавӣ» (2017) ба анҷом расондааст.

Саҳми Ҳаёт Неъмат дар роҳандозии Иттиҳодияи Иҷтимоии фарҳангии «Самарқанд» ва Маркази фарҳангии тоҷикон «Самарқанд» зиёд аст.

Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ аз соли 1990  узви Шӯрои Анҷумани байналмилалии тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд», аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва барандаи  мукофоти ба номи Деваштич (2000) буд.

Ҳаёт Неъмат дар чаҳорсолагӣ, дар натиҷаи фалокате, маҷрӯҳ гардида, ҳаштуним сол бистарӣ будааст. То синфи ҳафтум дар мактаби русии бемористон, аз синфи ҳашт дар мактаби миёнаи №16-и Самарқанд таҳсил кардааст. Соли 1982 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Самарқанд ба номи Садриддин Айниро бо дипломи аъло хатм кардааст. Аз моҳи июни соли 1965 то августи соли 1983 дар идораи маорифи халқи ноҳияи Самарқанд ба ҳайси сармуҳосиб, аз моҳи августи соли 1983 то декабри соли 1996 ба ҳайси сармуҳосиби Идораи таълими вилояти Самарқанд адои вазифа намудааст.

Чанд муддат дар Тоҷикистон зистааст.

                                                                               АКС аз бойгонӣ

Октябрь 18, 2021 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд
Иштирокдорони Анҷумани сеюми забоншиносони ҷаҳон бо осори таърихию фарҳангии Осорхонаи миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Пагоҳ дар Тоҷикистон Иди Меҳргон таҷлил мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон оғоз гардиданд
ИМРӮЗ–РӮЗИ КИНОИ ТОҶИК. Аз соли 1991 то соли 2025 дар маҷмуъ 313 филм ба навор гирифта шудааст
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». 16 октябр Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик