Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд

Октябрь 20, 2021 08:25

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 19 октябр ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират дар мавзӯи «Бознигарии сиёсати муҳоҷират: чолишҳо, имконот ва стратегияҳо» ширкат варзид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Конфронси мазкур ба масъалаҳои марбут ба вазъи кунунии муҳоҷират дар минтақаҳои гуногуни дунё, аз ҷумла таъсири таҳаввулоти сиёсӣ ва амниятӣ дар Афғонистон дар ин раванд бахшида шуда буд.

Дар ҳамоиш Ш. Шерализода ба ҳайси гузоришгари калидӣ дар мавзӯи авлавияти кунунӣ ва ояндаи ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҷиҳати беҳбудӣ бахшидан ба вазъият дар Афғонистон мавқеи Тоҷикистонро ироа кард. Дар интиҳои нишаст ӯ ба саволҳои ҳозирин роҷеъ ба мавзӯъ посух дод.

 

АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 20, 2021 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Ба бузургдошти Робиаи Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ дар Вена ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид