ҲАМКОРӢ БО МИЛИТСИЯ. Нозирони минтақавӣ дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафуров оид ба фаъолияташон ҳисобот доданд
ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нозирони минтақавии ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд дар ҳузури раисони гузару маҳаллаҳо ва фаъолони минтақаи маъмурии хизматӣ оид ба вазъи ҷамъиятӣ — сиёсӣ ва фаврӣ — ҷиноятӣ дар 9 моҳи соли равон ҳисобот доданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вобаста ба вазъи ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҷамоати деҳоти Ёва нозири минтақавии милитсия лейтенанти калони милитсия Бахтовар Ҳамидзода ба ҳозирин маълумот дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаи маъмурии хизматии нозирони минтақавии милитсияи шуъбачаи милитсияи ҷамоати деҳоти Ёваи ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров 90 нафар шахсони доғи судӣ дошта, 8 нафар шахсони гирифтори бемории майзадагӣ, 5 нафар нашъаманд, 4 нафар бемории рӯҳӣ дошта ва 12 оилаи ноустувор дар қайд меистанд, ки мунтазам бо онҳо корҳои профилактикӣ анҷом дода мешавад.
Ҳамчунин маълумот дода шуд, ки дар 9 моҳи соли равон дар ҳудуди ҷамоати дехоти Ёва 51 адад ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 24 ҷинояти қаллобӣ, 17 дуздӣ, 4 ҷинояти авбошӣ, 3 ҳолати ишғоли ғайриқонунии замин ва дигар намуди ҷиноятҳо мебошад. Дар ин давра 320 ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 118 ҳолати онро вайрон кардани реҷаи шиносномавӣ ташкил менамояд. Ҳамчунин барои риоя накардани талаботи Қонуни ҶТ дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд 18 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардидаанд.
Хотиррасон мешавем, ки вохӯриҳои ҳисоботии нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ аз усулҳои ҷалби шаҳрвандон ба ҳамкорӣ бо милитсия мебошад. Чунин чорабиниҳо дар асоси Барномаи давлатии ислоҳоти милитсия ташкил карда шуда, маълумоти расонидаи нозири минтақавии милитсия барои дар якҷоягӣ бо аҳолӣ пешгирӣ намудан аз қонуншиканӣ ва бартараф кардани унсурҳои ҷиноятӣ замина мегузорад.
АКСҲО: ВКД








«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






