Amnesty International : Толибон* 13 афғони ҳазора, аз ҷумла як духтари 17-соларо ба қатл расониданд

Октябрь 8, 2021 12:21

ДУШАНБЕ, 08.10.2021/АМИТ «Ховар»/.  Созмони «Афви Байналмилал» (Amnesty International) дар гузориши охирини худ мегӯяд, ки толибон* дар ноҳияи Қоҳурии вилояти Дайкунди дар маркази Афғонистон 13 афғони ҳазора, аз ҷумла як духтари 17-соларо куштанд.

 Созмони «Афви Байналмилал» рӯзи сешанбе, 5 октябр, гузориши наверо интишор кард. Дар он гуфта мешавад, ки толибон* 31 август пас аз таслим шудан 11 узви вазорати пешини дифоъро куштаанд.

Тафтишоти «Афви Байналмилал» нишон медиҳад, ки нӯҳ сарбози собиқи Вазорати дифои Афғонистон як рӯз пас аз таслим шудан ба Толибон ба назди дарёе бурда шуданд ва дар он ҷо бидуни мурофиаи додгоҳӣ  кушта шуданд. Дида мешавад, ки аксари қурбониён аз сарашон тир хӯрдаанд.

Бино бар ин гузориш, ду шаҳрванди дигари кишвар, ки низ ҳазора буданд, бар асари тирандозии  силоҳбадастони «Толибон»* ҳангоми гурехтан ва сарбозони собиқи Вазорати дифоъ кушта шуданд.

«Афви Байналмилал куштори сарбозони собиқ аз ҷониби аъзои «Толибон»-ро ҷинояти ҷангӣ номида, афзуд, ки  ин созмони тундрави террористӣ бар хилофи ӯҳдадориҳои худ дар бораи таъмини  бехатарии мансабдорони собиқи ҳукумат амал кардаанд.

Ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ, бахусус ҳазораҳо, ки аксаран шиъаҳоянд, пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ аз ин кишвар рӯзи 30 август дар хатар бештар буданд ва ахиран гузоришҳо дар бораи иҷборан ба минтақаи Тагоби Дайкунди кӯчонидани ҳазораҳо расид.

Гуфта мешавад, ки толибон 800 хонаводаро маҷбур кардаанд, ки хонаҳои худро тарк кунанд.

Қаблан «Авфи Байналмилал» гуфта буд, ки ҷангҷӯёни «Толибон»* мардони ҳазораро дар манотиқи мухталифи кишвар куштаанд. Бино бар гузориши ин созмон, толибон пас аз забти вилояти Ғазнӣ бархе аз мардони ҳазараро дар вилояти Ғазнӣ куштанд.

Ин созмон зимни гуфтугў бо шоҳидони айнӣ дар ин маҳал, дарёфтаанд,ки байни 4то 6-уми июл, дар деҳаи Мундарахти ноҳияи Молистон, ки як ноҳияи ҳазоранишин аст, кушторҳои мудҳише рух дода аст. Бар асоси ин гузориш, шаш нафар дар зери шиканҷаи шадид тир хӯрда, се нафар кушта шудаанд. Як нафарро бо рӯймолаш буғӣ карда, мушакҳои дасташро буриданд.

«Мо аз Шӯрои Амнияти СММ даъват мекунем, ки қатъномаҳои фавқулодда барорад, ки «Толибон»-ро ба риояи қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ва таъмини амнияти ҳамаи афғонҳо, новобаста аз мансубияти қавмӣ ва эътиқоди динӣ, даъват кунанд.»

«Афви Байналмилал» ҳамчунин  афзуд, ки Шӯрои ҳуқуқи башари СММ бояд як механизми пурқуввати тафтишотӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ, ҷамъоварӣ ва ҳифзи далелҳои ҷиноятҳои ҷорӣ ва нақзи ҳуқуқи башар дар саросари Афғонистонро таъсис диҳад. «Ин барои таъмини он, ки ҷомеаи байналмилалӣ тасмимҳои огоҳона қабул кунад ва барои беҷазоӣ (барои ин гурӯҳ), ки дар кишвар ҷиноятҳои вазнинро идома медиҳанд, аҳамияти ҳалкунанда дошта бошад», — омадааст дар гузориш.

Ҳарчанд толибон пас аз таҳти назорат даровардани Афғонистон афви умумӣ содир карданд,  ҷанговарони он бо истифода аз хушунат алайҳи баъзе шаҳрвандон, бахусус эътирозгарон ва намояндагони ақаллиятҳои қавмӣ ва мазҳабӣ идома медиҳанд.

________________________

*Толибон – ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо

                                                            АКС аз манбаҳои боз

Октябрь 8, 2021 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид