Ҷавобгарӣ барои қонунвайронкунӣ аз тарафи пиёдагардон пурзӯр мегардад
ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶумҳурииТоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тавре аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, зимни баррасии масъала зикр шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсади таҳияи лоиҳаи мазкур пурзўр намудани ҷавобгарӣ барои баъзе қонунвайронкуниҳо ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла қонунвайронкуниҳои аз тарафи пиёдагардон содиршуда мебошад.
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки теъдоди муайяни ба вуҷуд овардани ҳодисаҳои садамаҳои роҳу нақлиётӣ аз ҷониби пиёдагардон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузаштани онҳо ба амал меоянд.
Солҳои охир маҳз бо иқдом ва ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи роҳсозӣ бомаром рушд намуда, дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе роҳҳои мошингарди истифодаи умум, аз ҷумла роҳҳои сесатҳа (эстакадаҳо) ба истифода дода шудаанд.
Тибқи талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, дар пулҳо, роҳҳои болои ҳам сохташуда, роҳҳои сесатҳа (эстакадаҳо) гаштугузор, рафтуомади пиёдагардон манъ буда, онҳо танҳо бояд аз гузаргоҳҳои зеризаминии дар сатҳи дуюм сохташуда истифода намоянд.
Таҳлилҳо нишон доданд, ки пиёдагардон қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, алалхусус дар роҳҳои автомобилгардеро, ки дар он шумораи зиёди нақлиёт ҳаракат менамоянд, вайрон карда, аз ҷойҳои муқаррарнашуда гузашта, ҳаёт ва саломатии худ ва дигаронро зери хатар мегузоранд.
Соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 183132 адад вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шуда, 35926 адади он аз тарафи пиёдагардон содир гардидааст.
Ҷазоҳои ба тариқи маъмурӣ татбиқгардида оид ба ин намуди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба монанди огоҳӣ ва ҷаримаҳои ночиз ба беҳтар шудани ҳолати риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо аз ҷониби пиёдагардон мусоидат намекунад.
Инчунин дар лоиҳаи қонун масъалаи ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои аз сабзазор ё гулзори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин гузаштан низ пешбинӣ гардидааст.
Қабули лоиҳаи қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагӣ талаб наменамояд.
АКС аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ








26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд
Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид






