Ҷавонписарони Кӯлоб бо сари баланд ба хизмати Ватан сафарбар шуданд
КӮЛОБ, 02.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 1 октябр дар комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Дар маросими мазкур муовинони раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Садирзода, Орзу Ҳамидиён, собиқадорони ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар шахсони расмӣ ба наваскарон роҳи сафед ва хизмати шоиста дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таманно намуданд.
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён оид ба ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳувияти ватандориву хештаншиносӣ сухан гуфта, зикр намуд, ки «барои ҳамаи мо шарафи бузург аст, ки имрӯз Ватани азизи мо – Тоҷикистон дорои Артиши миллии пурқудрату тавоно буда, марзу буми кишварро фарзандони баору номусамон ҳимоят мекунанд. Хизмати бошарафона ба Ватан ва ҳифзи он барои ҳар ҷавонмард қарз ва амри виҷдон аст. Дӯст доштани Ватан аз гӯшаи имон аст».
Ба ин маънӣ собиқадорони ҷангу меҳнат низ сухан гуфта, даъватшудагонро барои ба таври ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ сафарбар гардиданашон табрик намуданд.
Дар охир, баҳри болидарӯҳии ҳозирин аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб суруду таронаҳои дилошӯб манзури тамошобинон гардонида шуд.
АКСҲО аз МИҲД Кӯлоб










«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид






