Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи парандапарварии ҶДММ «Оби Ховалинг»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 03.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи парандапарварии Ҷаъмияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи нав дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва истиқболи сазовор аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвариши мурғи марҷон пешбинӣ гардида, дар он 5 ҳазор сар мурғ парвариш карда мешавад.
Дар оянда корхонаи мазкур имконият дорад, ки вобаста ба истеҳсоли тухми навъи мурғи марҷон саршумори парандаро зиёд намуда, ҳамчун гӯшти серғизо ба фурӯш барорад.
Тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа чунин навъи паранда, ки барои парваришу нигоҳубин интихоб гардидааст, сермаҳсул буда, барои дастрасии аҳолӣ ба гӯшти серғизою парҳезӣ мусоидат хоҳад кард.
Корхонаи парандапарварӣ дар ноҳияи Ховалинг нахустин буда, оянда бо истифода аз имконоти мавҷуда дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар фермаҳои нави парандапарварӣ бунёд карда мешавад.
Дар корхона технологияи муосири чинӣ насб гардида, таъмини хӯроки паранда, обу дон ва ҷамъоварии тухм низ ба таври автоматӣ сурат мегирад.
Барои таъмини ҳарорати муътадили дохили фермаҳо дар асоси меъёрҳои зарурӣ дастгоҳҳои муосир насб гардидааст, ки ин барои беталаф нигоҳ доштани чунин навъи мурғ мусоидат хоҳад кард.
Хӯроки паранда низ аз корхонаҳои ватанӣ дастрас мешавад, ки ин омил ба паст кардани арзиши аслии маҳсулот боис мегардад.
Корхонаи парандапарварии мурғи марҷон аз ҷониби соҳибкори маҳалӣ Раҳимзода Фарҳод Рамазон бунёд ва он дар асоси технологияи муосир фаъолият хоҳад кард.
Корхонаи мазкур дар масоҳати 4 гектар замин ҷойгир шуда, аз панҷ фермаи парвариши паранда иборат аст, ки қитъаи зери сохтмон 6 ҳазору 314 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Инчунин барои чарогоҳи чунин навъи паранда ва ҷамъоварӣ намудани хошок ба монанди юнучқа, ҷуворимака ва дигар намуди ғалладонагиҳо 100 гектар замин дар ихтиёри корхонаи мазкур вогузор карда шудааст.
Дар фабрикаи парандапарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби Ховалинг» инчунин парвариши чӯҷаҳои зоти маҳаллӣ, ки танҳо барои истеҳсоли гӯшти парҳезӣ мебошад, ба роҳ монда шудааст.
Айни замон дар корхонаи нав 120 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, маҳсулоти ниҳоии он дар навбати аввал ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба харидорон пешниҳод карда мешавад.
Дар фабрикаи мазкур биноҳои ёрирасон, аз қабили ошхона, хобгоҳ, ҳуҷраҳои иловагӣ ва дигар шароити зарурӣ барои кормандон муҳайё гардидааст.
Ҷиҳати ободу зебо ва хуррам гардонидани саҳни корхонаи парандапарварӣ гулу буттаҳои ороишии мавсимӣ парвариш ёфта, ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда низ шинонида шудааст, ки барои тозагии муҳити атроф аз манфиат холӣ нест.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон барои рушди фаъолияти корхона дастуру маслиҳатҳои муфид дода, иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори маҳаллиро намунаи ибрат ва қобили дастгирӣ арзёбӣ карданд.









Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ доир шуд
Ба кормандони Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур 10 адад нақлиёти муосир тақдим гардид
Рӯзи фарҳанги шаҳри Исфара дар Душанбе доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг аз боғи интенсивӣ дидан намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Деҳкадаи сайёҳиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва хизматрасониро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг Осоишгоҳ барои ятимону маъюбонро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти ширии Асри ваҳдат оғоз бахшиданд
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон






