Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Душанбе силсилачорабиниҳо гузаронида шуданд

Октябрь 6, 2021 14:36

ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари  офатҳои табиӣ аз 28 сентябр то 5 октябр бо ташаббуси Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе  дар муассисаҳои таҳсилоти миёни умумии ноҳияҳои пойтахт сислсилачорабиниҳо баргузор шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Ин чорабиниҳо бо ширкати васеи донишомӯзону муаллимон гузаронида шуда, кормандони бахши наҷот, ҳамчунин мутахассисони самтҳои дигар миёни иштирокдорон сухан гуфта, машқҳои муҳими наҷотро намоиш доданд.

Дар ин суҳбату мулоқотҳо дар бораи роҳу шеваҳои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ва дигар бемориҳои гузаранда, ҳамчунин қоидаҳои бехатарӣ дар роҳҳо, об ва ғайра суҳбатҳои муфид анҷом ёфтанд.

Зимни баргузории чорабинии мазкур миёни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе Дастаи махсуси зудамали наҷот рӯзи дарҳои кушод бо намоиши техникаи махсуси садамавию наҷот ва амалиёти ҷустуҷӯиву наҷотдиҳӣ гузаронид.

Ёдовар мешавем, ки Ассамблеяи генералии СММ 13 октябрро Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо эълон кардааст, ки ҳадафи он мусоидат ба фарҳанги ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад. Ин имконест, ки пешрафтҳои ба дастомада дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо ва талафоти ҷонӣ, воситаҳои зиндагӣ мутобиқ ба Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030, ки дар Сеюмин конфронси ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои СММ дар Ҷопон моҳи марти соли 2015 қабул шудааст, эътироф карда шаванд.

Соли 2016 Дабири кулли СММ «Маъракаи Сендай ҳафт»-ро барои ҳар хонавода дар муддати ҳафт сол роҳандозӣ намуд. Ҳадаф: «Афзоиши чашмгири ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои дар ҳоли рушд бо ироаи ҳимояти кофӣ ва пойдор аз онҳо барои ҳимоят аз иқдомоти миллии онҳо барои иҷрои ин барнома барои то соли 2030» мебошад.

АКСҲО: КҲФ ва МГ

Октябрь 6, 2021 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд