Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мусиқӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ҳамоишдоир шуд

Октябрь 1, 2021 13:37

ДУШАНБЕ, 01.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида баРӯзи байналмилалии мусиқӣ имрӯз бо ибтикори раёсати  Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар театри таълимии донишкада ҳамоиши фарҳангӣ доир гардид, ки дар он муовинони ректор ва устодону донишҷӯёни донишкада иштирок намуданд.

Тавре аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамоиши мазкур мувофиқи нақшаи чорабиниҳои фарҳангӣ доир шуда, дар он асарҳои композиторони классику муосир  садо доданд. Инчунин донишҷӯён  маҳорати навозандагиву сарояндагии  худро нишон доданд.

Мудири кафедраи санъатшиносӣ ва назарияи мусиқии донишкада Саидмаҳмуд Саидҳомидов дар мавзӯи «Назария ва  таърихи мусиқии тоҷик» сухан кард, иброз дошт, ки мусиқиро ба тавлидгари тахайюлот ва моли эҳсоси насли одамӣ нисбат диҳем, хато намекунем.

«Забони мусиқӣ оламшумул ва бесарҳад буда, ба тарҷумон ниёз надорад. Он аз дил бархоста, ба дил менишинад. Пас, забони мусиқӣ дарки инсонист ва ин дарк дар тафаккури мо маъниеро сабт мекунад»,- афзуд  мавсуф.

Ба зикри С. Саидҳомидов ,ҳар як сози мусиқӣ ба худ таърихи пайдоиш, садо ва навои хос дорад. Савту сози мусиқӣ низ чун дигар дастовардҳои инсонӣ бо мурури замон ва гузашти айём пайдо шудаанду сайқал ёфтаанд. Аҳамияти санъати мусиқӣ дар баробари дигар навъи санъати бадеӣ дар тарбияи насли наврас калон аст. Аз ин рӯ, дар ҷомеаи мо ба ин навъи санъат аҳамияти бештар дода мешавад ва ошноӣ пайдо кардани кӯдакон, наврасону ҷавонон бо санъати мусиқӣ ҳанӯз аз овони мактабхонӣ оғоз меёбад.

АКС аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон

Октябрь 1, 2021 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи саноати сабук густариш медиҳанд