Бо ҷалби мутахассисони Созмони ҷаҳонии гумрук машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд

Октябрь 6, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр барои кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани иқтидори касбӣ, мукаммал намудани донишу малакаи касбӣ, бархурдор гардидан аз таҷрибаи муосир бо ҷалби  мутахассисони варзидаи Созмони ҷаҳонии гумрук машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд.  

Тавре аз Хадамоти гумруки  назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  машғулияти омӯзишӣ дар доираи ҳамкории судманд бо Созмони ҷаҳонии гумрук ва дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла, Барномаи Назорати Содирот ва Амнияти Сарҳадот (Export Control and Related Border Security (EXBS) ташкил гардида,

ҳадафи он пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти фаромарзии моддаҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ҳастаӣ мебошад. Дар машғулияти омӯзишӣ кормандони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук, раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, дар вилояти Хатлон ва дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок намуданд.

Назорати стратегии тиҷорат (STC) ҷомеаро аз хариди фаромарзии силоҳҳои стратегӣ ва молҳое, ки барои таҳия ё таҳвили онҳо истифода мешаванд, муҳофизат менамояд. Бо доштани чунин салоҳият ва масъулият дар назорати фаромарзии одамон ва интиқоли молу воситаҳои нақлиёт мақомоти гумрук дар иҷрои STC нақши муҳим мебозад.

Мақомоти гумруки Тоҷикистон барои роҳ надодан ба қонуншиканиҳо, бо мақсади ҳифзи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷилавгирӣ аз муомилоти ғайриқонунии фаромарзии моддаҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиоактивӣ, ҳастаӣ (CBRN) ва молҳои таъйиноташон дуҳадафа дар доираи салоҳияти худ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Аксҳо аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ

Октябрь 6, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст