Бо ҷалби мутахассисони Созмони ҷаҳонии гумрук машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 октябр барои кормандони мақомоти гумруки Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани иқтидори касбӣ, мукаммал намудани донишу малакаи касбӣ, бархурдор гардидан аз таҷрибаи муосир бо ҷалби мутахассисони варзидаи Созмони ҷаҳонии гумрук машғулияти омӯзишӣ гузаронида шуд.
Тавре аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, машғулияти омӯзишӣ дар доираи ҳамкории судманд бо Созмони ҷаҳонии гумрук ва дастгирии шарикони рушд, аз ҷумла, Барномаи Назорати Содирот ва Амнияти Сарҳадот (Export Control and Related Border Security (EXBS) ташкил гардида,
ҳадафи он пешгирӣ ва ошкор намудани муомилоти фаромарзии моддаҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиоактивӣ ва ҳастаӣ мебошад. Дар машғулияти омӯзишӣ кормандони Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук, раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, дар вилояти Хатлон ва дастгоҳи марказии Хадамоти гумрук иштирок намуданд.
Назорати стратегии тиҷорат (STC) ҷомеаро аз хариди фаромарзии силоҳҳои стратегӣ ва молҳое, ки барои таҳия ё таҳвили онҳо истифода мешаванд, муҳофизат менамояд. Бо доштани чунин салоҳият ва масъулият дар назорати фаромарзии одамон ва интиқоли молу воситаҳои нақлиёт мақомоти гумрук дар иҷрои STC нақши муҳим мебозад.
Мақомоти гумруки Тоҷикистон барои роҳ надодан ба қонуншиканиҳо, бо мақсади ҳифзи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷилавгирӣ аз муомилоти ғайриқонунии фаромарзии моддаҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиоактивӣ, ҳастаӣ (CBRN) ва молҳои таъйиноташон дуҳадафа дар доираи салоҳияти худ тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Аксҳо аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






