Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти «Mastercard Europe SA»-ро ба муҳлати 5 сол тамдид намуд

Октябрь 14, 2021 15:04

ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо қарори марбута иҷозатномаи фаъолияти «Mastercard Europe SA»-ро барои фаъолияти оператори низоми пардохтии «Mastercard» ба муҳлати 5 сол тамдид намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Қарори мазкур дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» ва «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» қабул гардидааст.

Дар асоси ин қарор иҷозатномаи «Mastercard Europe SA» барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ аз 12 апрели соли 2018 аз эътибор соқит гардида, Идораи низоми пардохт вазифадор гардид, ки сабти дахлдорро дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ ворид намояд.

 Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 14, 2021 15:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарияти «Амонатбонк» дар Шанхай дар саммити байналмилалии «Huawei Connect 2026» иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1085 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2000 то 10.5553 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1097 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2509 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1096 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.3000 то 10.6192 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1800 то 9.2499 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1094 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Ҳамкории Хазинаи байналмилалии асъор ва Тоҷикистон баррасӣ гардид