Бозиҳои Осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ ба вақти дигар гузаронида шуданд

Октябрь 24, 2021 09:21

ДУШАНБЕ, 24.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои 6-уми осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ, ки мебоист 10-20 марти соли 2022 дар шаҳрҳои Бангкок ва Чонбурии Тайланд доир мегаштанд, ба соли 2023 гузаронида  мавқуф гузошта шуданд.  Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи милли олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Шӯрои олимпии Осиё бо ирсоли паём ба кумитаҳои миллии олимпӣ хабар дод, ки ин тасмим бо дархости ҷониби Тайланд гирифта шуд.

«19 октябри соли 2021 аз президенти Кумитаи миллии олимпии Тайланд Правит Вонгсуван нома гирифтем, ки хоҳиш кардааст,  Бозиҳои 6-уми  осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ, ки 10-19 марти соли 2022 ба нақша гирифта шуда буд, ба моҳи ноябри соли 2023 гузаронида шавад», – омадааст дар паёми Шӯрои олимпии Осиё.

Кумитаи олимпии Тайланд, ҳамчунин ду гузинаро барои баргузории бозиҳо пешниҳод намудааст: аз 10 то 19 ноябри соли 2023 ё аз 17 то 26 ноябри соли 2023.

Пас аз баррасии тақвими чорабиниҳо дар соли 2023 ва вазъи кунунии ҷаҳон дар робита ба пандемияи COVID-19, Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё тариқи овоздиҳии фосилавӣ 19 октябр қарор қабул кард, ки Бозиҳои 6-уми осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ 17-26 ноябри соли 2023 ба нақша гирифта шавад.

Ин  маротибаи дуюм  аст, ки  Бозиҳои мазкур ба вақти дигар  мавқуф гузошта мешаванд. Дар аввал қарор буд бозиҳо соли 2021 аз 21 то 30 май доир гарданд, вале бо сабаби пандемияи COVID-19 моҳи январи соли 2021 ба соли 2022 гузаронида  шуданд.

Ба барномаи Бозиҳои 6-уми  осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ 29 намуди варзиш, инчунин ду намуди намоишӣ ворид гардидааст.

АКС аз КМО Тоҷикистон

Октябрь 24, 2021 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад