Чин омода аст нишасти сеюми вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро баргузор кунад

Октябрь 28, 2021 13:18

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири умури хориҷаи Чин Ван И аз омодагии ин кишвар барои баргузории нишасти сеюми вазирони кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хабар дод. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора вай дирӯз, 27 октябр дар ҷаласаи дуюми вазирон дар Теҳрон тариқи алоқаи видеоӣ изҳори назар намуд.

«Бо такя ба тавофуқоте, ки дар ду мулоқоти вазирон ба даст омадаанд ва бо хоҳиши он ки ин ҷараён самараноктар шавад, Чин омода аст дар фурсати муносиб ҷаласаи сеюми вазирони хориҷиро баргузор кунад. Мо бо тамоми ҷонибҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ тамос мегирем”,-гуфт ӯ.

Вай ҳамчунин хостори ҳарчи тезтар ба кор андохтани ду ҷараёни дигар — мулоқоти намояндагони махсус оид ба масъалаи Афғонистон ва машваратҳои намояндагони сафоратхонаҳо дар Кобул шуд.

Нахустин нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон 8 сентябр ба таври онлайн баргузор шуд. Дар ҷараёни нишасти кунунӣ  ҷонибҳо ният доранд талошҳои худро ба он равона созанд, то чӣ гуна ба ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон бо ҳузури ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ кумак намоянд. Дар нишаст ба ҷуз аз Эрон ва Федератсияи Русия намояндагони Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистон ширкат менамоянд.

                                                                                 АКС: cgtn.com

Октябрь 28, 2021 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид