COVID-19. Дар ноҳияи Шуғнон 14 115 нафар сокинон вояи дуюми ваксина гирифтаанд

Октябрь 29, 2021 14:03

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳолати 28 октябр дар асоси нақшаи пешбинишуда 14 918 нафар сокинони ноҳия ба ваксинатсияи зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шудаанд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида 14 115 нафар сокинони ноҳия гирифтаанд. Ин нукта имрӯз  зимни ҷаласаи корӣ, ки  дар назди раиси ноҳияи Шуғнон Ҷумъа Ҷумъазода баргузор гардид, зикр шуд.

Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон хабар медиҳад, дар ҷаласа нахуст оид ба  масъалаи фарогирии сокинони ноҳия ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 ва ҳамзамон баррасии ҳуҷҷатҳои уҳдадориҳои иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зисти лоиҳаи нави грантӣ дар мавзӯи “Таъмини устувории ландшафтҳо ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Зикр гардид, ки имрӯзҳо сокинони ноҳия бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зист муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд. Онҳо аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар, хосатан дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидии бемории коронавирус сипосгузории хешро иброз медоранд.

Таъкид карда шуд, нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зист муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Ҳамзамон вобаста ба рӯзномаи дуюми ҷаласа иброз гардид, ки дар асоси Созишномаи баимзорасида миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи нави грантӣ дар мавзӯи “Таъмини устувории ландшафтҳо ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия карда шудааст, ки дар баробари дигар ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа, ҳамзамон дар ноҳияи Шуғнон ҷиҳати барқарорсозии устувории ландшафт корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, бунёди боғу ҷангалзор ва рушди инфросохтори гуногун дар назар дошта шудааст.

АКС: МИҲД-и ноҳияи Шуғнон

Октябрь 29, 2021 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ: сироятёбӣ аз COVID-19 дар ҷаҳон 4 фоиз афзоиш ёфт
Чин санҷишҳои COVID-19-ро пеш аз ворид шудан ба давлат бекор менамояд
Дар Испания беш аз 120 ҳолати сирояти шакли нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ: ҳолатҳои нави сирояти COVID — 19 дар ҷаҳон дар як моҳи охир 80% афзоиш ёфтааст
Дар Ҳиндустон штамми нави коронавирус ошкор гардид
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз 7% афзудани бемории COVID-19 дар ҷаҳон дар 28 рӯз хабар дод
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар бораи коҳиш ёфтани ҳолатҳои фавт бар асари COVID-19 дар саросари ҷаҳон хабар дод
Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
Ба Тоҷикистон соли 2022 зиёда аз 10 миллион воя ваксина ворид карда шуд