СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд

Май 24, 2023 16:53

ДУШАНБЕ, 24.05.2023 /АМИТ «Ховар»/.  Таҳдиди пандемияи навро, ки аз COVID ҳам хеле хатарноктар аст, набояд нодида гирифт, чунин иқтибос оварда шуд суханони директори генералии созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Адханом Гебрейесус дар ассамблеяи солонаи СУТ дар Женева. Дар ин  хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» иттилоъ медиҳад.

«Таҳдиди пайдоиши шакли дигар (COVID. – Тавзеҳи идора), ки метавонад ба хурӯҷи нави беморӣ ва марг оварда расонад, боқӣ мемонад. Ҳамчунин таҳдиди пайдоиши патогени нав бо иқтидори аз ин ҳам марговартар боқӣ мондааст», — баён дошт роҳбари СУТ.

Гебрейесус тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки дар оянда барои посухи дастҷамъона додан ба ин таҳдид омода бошанд.

Қаблан СУТ мақоми пандемияи глобалии COVID-19-ро, ки соли 2020 эълон шуда буд, бекор кард.

Азиза ИКРОМ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 24, 2023 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Туркия даври дуюми интихоботи президентӣ баргузор мешавад
Намояндагони СҲШ ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамиро баррасӣ карданд
Туркия дар остонаи даври дуюми интихобот қарор дорад
Соли 2023 шумораи сафарҳои сайёҳӣ дар саросари ҷаҳон аз 10 миллиард зиёд хоҳад шуд
COVID-19. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ аз анҷом ёфтани пандемияи коронавирус хабар дод
Аджай Банга президенти Бонки ҷаҳонӣ интихоб гардид
Дар Узбекистон раъйдиҳии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия баргузор шуд
Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид ҳукуматдорони афғонро барои манъи кори занон дар ин ниҳод маҳкум кард
Шумораи фавт аз COVID-19 95 фоиз коҳиш ёфтааст
Ҷо Байден расман эълон дошт, ки номзадии худро ба интихоботи президентии соли 2024 пешниҳод менамояд
СММ аз сатҳи рекордии газҳои гулхонаӣ, гармшавӣ ва обшавии пиряхҳо хабар дод
Шумораи ҳалокшудагон аз ярч дар Эквадор ба 43 нафар расид