COVID-19 ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Чаро коронавирус аз миён намеравад?

Октябрь 19, 2021 11:58

ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ«Ховар»/.  То ҳолати 17 октябр,  тӯли шабонарӯз дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, аз оғози пандемия дар кишвар 17086 ҳолати нави COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 16960 нафар шифо ёфтаанд. Инчунин 124 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.Хабарнигорони АМИТ «Ховар» муайян карданд, ки вазъ дар дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст.

Қазоқистон

Аз 20 октябр дар Қазоқистон маҳдудияти карантинӣ дар баъзе объектҳо  коҳиш дода  мешавад. Дар ин бора имрӯз, 19 октябр, вазири тандурустии ин кишвар  Алексей Тсой ба хабарнигорон иттилоъ дод.Дар комиссияи байниидоравӣ қарор қабул карда шуд:- боздиди  бемороне, ки дар муассисаҳои тиббию иҷтимоӣ- хонаи пиронсолон, маъюбон, хонаи кӯдакон  табобат мегиранд, бо пешниҳоди ҳуҷҷат оид ба манфӣ будани беморӣ, ки аз муҳлати додани он на бештар аз 3 рӯз гузашта бошад, иҷозат дода шавад; -фаъолияти клубҳои шабона танҳо барои шахсоне, ки мақоми “сабз” доранд, бо риояи пурракунӣ то 50%, аммо: — на бештар аз 100 нафар дар минтақаи «сабз»; -на бештар аз 70 нафар дар минтақаи «зард»; на бештар аз 50 нафар дар «минтақаи сурх» иҷозат дода шавад. Вақти кории иншооти тиҷоратӣ, ки дар лоиҳаи Ashyq иштирок мекунанд, дароз карда шавад: дар минтақаи «сабз» — то соати 3:00, роҳбарони лоиҳаи Ashyq — то соати 5:00; дар минтақаи «зард» — то соати 1:00, барои роҳбарони лоиҳаи Ashyq — то соати 3:00. Вазорати тандурустии Қазоқистон хулосаи вазъи эпидемиологиро дар Қазоқистон то 18 октябр нашр кард.

Дар як рӯзи охир 1387 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Шумораи гирифторони нав дар як шабонарӯз ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Дар муқоиса ба рӯзи гузашта шумораи беморон 255 нафар кам шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар кишвар 919 533 ҳолати сирояти коронавирус тасдиқ шудааст.Дар як шабонарӯз 1910 нафар аз сирояти коронавирус шифо ёфтаанд. Дар маҷмӯъ, дар кишвар 862 030 нафар аз COVID-19 шифо ёфтаанд.

Аввалин ҳолати сирояти коронавирус дар Қазоқистон 13 марти соли 2020 ба қайд гирифта шудааст.

Қирғизистон

Ба иттилои ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ ва назорати коронавируси Ҷумҳурии Қирғизистон, то 19 октябр дар ин мамлакат дар як рӯз 93 ҳолати нави COVID-19, аз ҷумла  49 нафар дар Бишкек, 31 нафар дар вилояти Чуй, 1 нафар дар вилояти Ӯш ва 12 нафар дар вилояти Иссиқкӯл  ба қайд гирифта шуданд. Дар тамоми давраи пандемия дар кишвар 180 ҳазору 6 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.  Дар як шабонарӯз  74 бемор,   аз аввали пандемия — 174 ҳазору 766 нафар  шифо ёфтаанд. Дар як шабонарӯз аз COVID-19 миёни шаҳрвандони ваксинанашуда 2 ҳолати фавт ба қайд гирифта шудааст. Дар тамоми давраи пандемия  2 ҳазору 638 нафар ҷон бохтаанд. Ҳоло 571 нафар табобати беморхонавӣ ва 527 нафар табобати амбулаторӣ мегиранд.

Узбекистон

Ба ҳолати  19 октябр дар Узбекистон 181 ҳазору 312 ҳолати сироятёбӣ аз коронавируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.  Ин 0,08 фоизи шумораи умумии сироятшудагонро ташкил медиҳад. То имрӯз дар кишвар 290 нафар фавтидаанд, сатҳи фавт 0.71%-ро ташкил медиҳад. 177,213 нафар аз вирус пурра шифо ёфтаанд.Узбекистон дар раддабандӣ аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷаҳон дар мақоми 94 -ум қарор дорад.

Дар ҷаласаи комиссияи парлумонии қонунгузории Олий Маҷлиси Узбекистон қарор қабул карда шуд, ки барои мубориза бо коронавирус ва хариди ваксинаҳо маблағи  иловагии 1,3 триллион сӯм (120 млн. доллари ИМА) ҷудо карда шавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони Узбекистон хабар доданд.»Дар буҷети давлатии соли 2021 барои мубориза бо пандемия аз коронавирус ва ваксинаҳо 3 триллион сӯм ҷудо карда шуда буд, аммо ин маблағ аллакай сарф шудааст», — омадааст дар хабар.

Ба иттилои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Узбекистон, аз оғози эмкунии оммавӣ ба Узбекистон қариб 29 миллион воя ваксинаҳои зидди коронавирус оварда шудаанд. То охири сол ин рақам ба беш аз 47 миллион хоҳад расид.  Ин имкон медиҳад, ки беш аз 17 миллион нафар аҳолии кишвар пурра бар зидди коронавирус эм карда шаванд.

Туркманистон

Дар тӯли тақрибан ду соли пас аз саршавии пандемия дар Туркманистон ягон ҳолати COVID-19 расман ба қайд гирифта нашудааст. Тибқи баррасии маълумоте, ки Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс ва Созмони ҷаҳонии тандурустӣ тартиб додаанд, Туркманистон бо тақрибан 6 миллион аҳолӣ яке аз панҷ  сарзаминест, ки дар онҳо ягон ҳолати коронавирус расман ба қайд гирифта нашудааст. Сетои он ҷазираҳои ҷудогонаи уқёнуси Ором ва чаҳорум Кореяи Шимолӣ мебошанд.Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов гузоришҳои COVID-19 дар кишварро «қалбакӣ» хонд ва дар паёми худ ба Созмони Милали Муттаҳид изҳор дошт, ки вокуниш ба пандемия набояд «сиёсӣ карда шавад».

Дар ҳамин ҳол, созмонҳои мустақил, рӯзноманигорон ва фаъолони Туркманистон мегӯянд, далелҳое мавҷуданд, ки ин кишвар бо мавҷи сеюми коронавирус мубориза мебарад. Ҳукумати Туркманистон ваксинаи Sputnk-V –и Русия ва CoronaVac-и чиниро харидорӣ кардааст. Фармоне, ки моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби Президенти Туркманистон имзо шуда буд, ба Вазири тандурустӣ ва саноати тиб ваколат медиҳад, ки Нақшаи хариди ваксинаҳо ва таҷҳизоти эмкуниро барои солҳои 2021-2025 дар доираи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Туркманистон ва ЮНИСЕФ имзо кунад.

Қаблан президенти Туркманистон дастур дода буд, ки корҳоро оид ба бақайдгирии ваксинаҳои зидди COVID-19 дар дигар кишварҳо, ба ғайр аз ваксинаҳое, ки аллакай дар Русия ва Чин сабти ном шудаанд, идома диҳанд. Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов ин иқдомро ба зарурати пешниҳоди интихоб ба варзишгарони хориҷӣ — иштирокчиёни Чемпионати ҷаҳон оид ба велосипедронӣ ва бозиҳои интихобии мусобиқаи байналмилалии теннис барои Ҷоми Дэвис, ки тобистони имсол барои иштирок дар ин мусобиқаҳои байналмилалӣ ба Ашқобод омадаанд, рабт дод. Дар ин бора рӯзномаи ҳукуматии русизабони «Туркманистони бетараф» хабар додааст. Ва инчунин тибқи  иттилои ин рӯзнома, дар Туркманистон эмкунии ҳатмии зидди коронавирус барои шахсони аз 18-сола боло ҷорӣ шудааст.

«Ҳама шахсоне, ки синнашон аз 18 боло аст, дар сурати мавҷуд набудани зиддияти тиббӣ барои гирифтани ваксинаи пешгирикунанда бар зидди COVID-19 бояд эм карда шаванд»,-гуфта мешавад дар иттилоияи маркази хабарии Вазорати тандурустӣ ва саноати тиббии Туркманистон, ки дар рӯзнома чоп шудааст.

Чаро коронавирус нест намешавад?

«Пас аз сабук шудани чораҳои карантинӣ, бисёр шаҳрвандон риояи қоидаҳои дахлдорро қатъ карданд. Мардум ҳафтаҳо ниқобҳои тиббии худро иваз намекунанд ва масофаи иҷтимоиро риоя наменамоянд”, гуфт Нурмат Отабеков, сардухтури давлатии санитарии Узбекистон ҳангоми пахши мустақим дар  шабакаи Uzrepor.

Вай таъкид кард, ки бо сабаби он ки сокинон бо якдигар фаъолона муошират мекунанд, шумораи гирифторони коронавирус дар байни аҳолӣ афзоиш меёбад. Аммо профессори кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Саидбек Сатторов фавт аз коронавирусро ба сатҳи нокифояи ваксина дар саросари ҷаҳон рабт медиҳад. Вай ақидаи СУТ-ро дастгирӣ мекунад, ки барои пайдо кардани масунияти саросарӣ бар зидди коронавируси нав фарогирии глобалии ваксина бояд 65-70% бошад.

«Бояд зикр кард, ки дар шароити паҳншавии босуръати COVID-19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон дар асоси таҷрибаҳои илмӣ муайян карда шудааст, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии ин беморӣ ваксинатсия кардани аҳолӣ аст», — гуфтанд  ба мухбири АМИТ “Ховар” дар  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Холисаи АСОМИДДИН,
Саид АЛӢ,

АМИТ «Ховар»

Октябрь 19, 2021 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст