Дар даври шаҳрии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» 75 нафар ғолибон қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 27.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» 75 нафар ғолибоне, ки аз рӯйи ҳафт номина иштирок намуда буданд, дар вазъияти тантанавӣ бо ҷоми ғолиб, мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Дар маросими бошукӯҳи ҳавасмандгардонӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аъзои комиссияи озмунӣ, ҳайати ҳакамон, иштирокчиёни даври шаҳрии он аз ҳисоби хонандагону донишҷӯён, ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ширкат варзиданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз ташаббусҳои навбатии беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳавасмандгардонии қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омўзишу донишандӯзӣ, навҷӯиву навоварӣ ва истифодаи имконияти илм дар амал маҳсуб ёфта, тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, дар доираи амалисозии барномаи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бори аввал роҳандозӣ мегардад.
Мавсуф инчунин иброз намуд, ки «мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои амри мазкур тамоми чораҳоро амалӣ намуда, дар ин самт пеш аз ҳама, қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 майи соли 2021 «Дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар шаҳри Душанбе» ба тасвиб расонида шуд, ки қарори мазкур масъалаи ташкили даври шаҳрии озмун ва ҳавасмандгардонии ғолибони онро аз рӯйи бахшҳои алоҳида бо пешбинӣ намудани мукофотпулиҳо муқаррар намуд».
Баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар шаҳри Душанбе ба сабқати воқеии ҳаводорони илм ва навоварону навҷӯён табдил ёфта, дар даврҳои аввали он шумораи зиёди довталабон ширкат намуда, 273 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ дар даври шаҳрии он ширкат намуданд. Даври шаҳрии озмун аз 4 то 6и октябр аз рӯйи ҳафт номина байни хонандагону донишҷӯён, ходимони илм ва дигар қишрҳои ҷомеа баргузор гардида, дар натиҷа ғолибон аз ҷониби ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби ходимони шинохтаи илми ҷумҳурӣ таъсис ёфта буд, муқаррар карда шуданд. Зикр гардид, ки барои ҳавасмандгардонии ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳр 1 млн 600 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, дар баробари ғолибони озмун бо пайравӣ ба сиёсат ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат 35 нафар омӯзгорони хонандагоне, ки шогирдонашон дар даври шаҳрӣ сазовори ҷойҳои намоён гаштаанд, низ бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир ба ифтихори ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз ҷониби наврасони соҳибистеъдод барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод карда шуд.
Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе













Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд
Дар роҳҳои шаҳри Душанбе чароғакҳои «ҳушманд» насб гардиданд
МАҚОМИ ОМӮЗГОР – МАҚОМИ СОЗАНДАГИИ МИЛЛАТ. Омӯзгорони шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд
«ШОҲНОМАХОНӢ». 36 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифт
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе оид ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид






