Дар доираи ИДМ ташкилоти нав оид ба тайёр кардани рӯзноманигорон таъсис дода мешавад

Октябрь 29, 2021 14:09

ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти нави таълимӣ оид ба тайёр кардани рӯзноманигорон дар доираи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) таъсис дода мешавад, гуфт мушовири Кумитаи иҷроияи ИДМ Галина Казак қабл аз анҷумани VI омӯзгорону мутахассисони кишварҳои аъзои ИДМ, ки панҷшанбеи 27 октябр дар Душанбе ба кори худ шурӯъ кард. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад. 

«Бо дархости кишварҳои иштирокунанда мо барои таъсиси як созмони нави заминавии таълимӣ барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси журналистӣ кор хоҳем кард», — гуфт Казак ба хабарнигорон.

Ба гуфтаи вай, лоиҳаи қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ аллакай таҳия ва барои тасдиқ ба ҳукумат фиристода шудааст.

Вай ҳамчунин зарурати коркарди рақамикунонии маорифро зикр  кард. «Имрӯз мо ба лоиҳаҳои зиёде аз ҷиҳати маориф <…>, [аз ҷумла] мавзӯи рушди таҳсилоти педагогӣ таваҷҷуҳ дорем. Имрӯз дар боғчаи кӯдакона, мактаб, донишгоҳ бояд мутахассиси соҳаи худ, ки касбашро дӯст медорад, кор кунад», — таъкид кард мушовир.

Казак тавзеҳ дод, ки конгресс натиҷаи Фестивали якуми байналмилалии малакаҳои педагогиро ҷамъбаст мекунад, ки дар доираи он омӯзгорони кишварҳои ИДМ аз рӯи номинаҳои «Омӯзгор», «Мураббӣ», «Муаллим/психологи иҷтимоӣ» иштирок намуда, диплом мегиранд, инчунин дарсҳои маҳорат мегузаронанд.

Дар Анҷумани омӯзгорон ва кормандони маориф «Фазои таълимии ИДМ ҳамчун манбаи стратегии рушди устувор» ва аввалин Фестивали  омӯзгорони бомаҳорат ва кормандони соҳаи маориф омӯзгорону кормандони соҳаи маориф аз Федератсияи Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Иштирокчиён масъалаҳои таҳсилоти дастрас ва босифат, дурнамои рушди илми омӯзгорӣ, равишҳои навоварона, инчунин ҳамкорӣ дар самти рушд ва ҳифзи забони русиро ҳамчун воситаи ҳамгироӣ дар фазои Иттиҳод баррасӣ хоҳанд кард.

АКС: АМИТ «Ховар»

Октябрь 29, 2021 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Китоби «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт