Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии «World Savings Day» таҷлил шуд
ДУШАНБЕ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии пасандоз (World Savings Day), ки ҳамасола аз сӯи ҷомеаи ҷаҳон таҷлил мегардад, бо ибтикори Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи ҷавонон ва донишҷӯён ҳамоиш доир гардид.
Ба АМИТ «Ховар» аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки такмили донишҳои молиявии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, эътимоди онҳо ба бонкҳои кишвар ва ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш буд.
Дар ҳамоиш сардори шуъбаи сиёсати амонатии Идораи амонатҳо, пардохтҳо ва коғазҳои қиматноки Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Амриддин Зайниддинов оид ба таърихи ташкили «Амонатбонк», ки дар асоси кассаҳои қарзӣ — амонатгузорӣ ташкил ёфта, фаъолияти худро аз соли 1885 оғоз намудааст, ба иштирокчиёни ҳамоиш маълумот дод.
Зикр шуд, ки «Амонатбонк» дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат хизматрасониҳои бонкиро ба аҳолии кишвар пешниҳод менамояд. Пардохти нафақа, музди меҳнати корхонаву ташкилоти буҷетӣ, пардохти кумакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат, оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида, қабули маблағҳои пардохтҳои ҳатмӣ, аз ҷумла, андозҳо, маблағҳои коммуналӣ, маблағи Маркази миллии тестӣ, боҷҳои гумрукӣ, маблағ барои шиносномаҳои миллию хориҷӣ аз ҳамин қабиланд. Дар маҷмуъ хизматрасониҳои «Амонатбонк» беш аз 200 номгӯйро ташкил медиҳад.
Инчунин оид ба намуди пасандозҳо, фоизи он ва манфиати кушодани пасандоз дар бонк, бахусус доир ба ба пасандозҳои «Муҳлатнок», «Ҷамъшаванда», «Муҳлатнок бо пардохти иловагӣ», «Муҳлатноки кӯдакона», «Муҳлатноки нафақавӣ» ва «Муҳлатноки ҳамватани бурунмарзӣ», ки дар «Амонатбонк» амал менамоянд, ба иштирокдорони ҳамоиш маълумоти муфассал дода шуд.

Иқтисодчии пешбари шуъбаи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дохилии Департаменти қарздиҳии «Амонатбонк» Беҳрӯз Сатторов оид ба хизматрасонии овердрафтии Бонк ва қарзҳои имтиёзнок бо фоизҳои дастрас, ки аз ҷониби «Амонатбонк» ба мизоҷон пешниҳод мегардад, гуфт, ки «Амонатбонк» баҳри рушди соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат нақши муассир гузошта, дар ин самт пайваста қарзҳои имтиёзнокро бо фоизи паст, дар доираи иқдомҳои «Кишоварз-2021», «Истиқлол-30», «Дониш-2021» пешниҳод намудааст. Оид ба хизматрасонии муосири бонкӣ «Амонат-мобайл» ва пардохти ҳаққи зиёда аз 20 намуди хизматрасониҳо тавассути он, иқтисодчии пешбари шуъбаи пардохтҳои фосилавии Идораи амонатҳо, пардохтҳо ва қоғазҳои қиматнок Шомил Иззатзода сухан намуда, тарзи истифодаи ин барномаи мобилиро дар тахтаи электронӣ ба иштирокдорони ҳамоиш намоиш дод.
Ҷавонону донишҷӯён ба барномаи «Амонат-мобайл» мароқи зиёд зоҳир намуда, дар якҷоягӣ онро аз плей маркет тавассути QR-код зеркашӣ намуданд. Аз ҷониби Бонки давлатии амонутгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба кулли иштирокдорони ҳамоиш маводи тарғиботӣ
ва армуғонӣ ва ба се нафар иштирокчии фаъол туҳфаҳои хотирмон тақдим гардиданд.
Инчунин ба номи 3 нафар ҷавони фаъол дар Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» суратҳисоби пасандози «Муҳлатнок» кушода шуд.
Аксҳо аз Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк»








Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4239 то 9.4700 сомонӣ муқаррар шудааст
Соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок 3,5 фоизро ташкил дод
Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бонкҳои Тоҷикистон соли 2025 ба мизоҷон дар ҳаҷми 30 миллиард сомонӣ қарз додаанд
«Амонатбонк» ба беш аз 890 ҳазор нафақагирон ва 2,2 миллион пасандозгузорон хизмат расонидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Амонатбонк» соли 2025 ба зиёда аз 60 ҳазор мизоҷ 2,5 миллиард сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд






