Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Рӯзи ҷаҳонии «World Savings Day» таҷлил шуд

Октябрь 30, 2021 11:33

ДУШАНБЕ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии пасандоз   (World Savings Day), ки ҳамасола аз сӯи ҷомеаи  ҷаҳон таҷлил мегардад, бо ибтикори Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи ҷавонон ва донишҷӯён  ҳамоиш доир гардид.

Ба АМИТ «Ховар» аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки такмили донишҳои  молиявии ҷавонон,  баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ, эътимоди онҳо ба бонкҳои кишвар ва ҳифзи ҳуқуқҳои  истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ аз ҳадафҳои  асосии  ҳамоиш буд.

Дар ҳамоиш  сардори шуъбаи сиёсати амонатии Идораи амонатҳо, пардохтҳо ва коғазҳои қиматноки Бонки давлатии амонатгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Амриддин Зайниддинов оид ба таърихи ташкили «Амонатбонк», ки дар асоси кассаҳои қарзӣ — амонатгузорӣ   ташкил ёфта, фаъолияти   худро аз соли 1885   оғоз намудааст,  ба иштирокчиёни ҳамоиш маълумот дод.

Зикр шуд, ки «Амонатбонк» дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат хизматрасониҳои бонкиро ба аҳолии кишвар пешниҳод менамояд. Пардохти нафақа, музди меҳнати корхонаву ташкилоти буҷетӣ, пардохти кумакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат, оилаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида, қабули маблағҳои пардохтҳои ҳатмӣ, аз ҷумла, андозҳо, маблағҳои коммуналӣ, маблағи Маркази миллии тестӣ, боҷҳои гумрукӣ, маблағ барои шиносномаҳои миллию хориҷӣ аз ҳамин қабиланд. Дар маҷмуъ  хизматрасониҳои  «Амонатбонк» беш аз 200 номгӯйро ташкил медиҳад.

Инчунин оид ба намуди пасандозҳо, фоизи он ва манфиати кушодани пасандоз дар бонк, бахусус доир ба  ба пасандозҳои «Муҳлатнок», «Ҷамъшаванда», «Муҳлатнок бо пардохти иловагӣ», «Муҳлатноки кӯдакона», «Муҳлатноки нафақавӣ» ва «Муҳлатноки ҳамватани бурунмарзӣ», ки дар «Амонатбонк» амал менамоянд,  ба иштирокдорони ҳамоиш  маълумоти муфассал дода шуд.

Иқтисодчии пешбари шуъбаи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва дохилии Департаменти қарздиҳии «Амонатбонк» Беҳрӯз Сатторов  оид ба хизматрасонии овердрафтии Бонк ва қарзҳои имтиёзнок бо фоизҳои дастрас, ки аз ҷониби «Амонатбонк» ба мизоҷон пешниҳод мегардад, гуфт, ки  «Амонатбонк» баҳри рушди соҳаи иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат нақши муассир гузошта, дар ин самт  пайваста қарзҳои имтиёзнокро бо фоизи паст, дар доираи иқдомҳои «Кишоварз-2021», «Истиқлол-30», «Дониш-2021» пешниҳод намудааст. Оид ба хизматрасонии муосири бонкӣ «Амонат-мобайл» ва пардохти ҳаққи зиёда аз 20 намуди хизматрасониҳо тавассути он, иқтисодчии пешбари шуъбаи пардохтҳои фосилавии Идораи амонатҳо, пардохтҳо ва қоғазҳои қиматнок  Шомил Иззатзода сухан намуда,  тарзи истифодаи ин барномаи мобилиро дар тахтаи электронӣ ба иштирокдорони ҳамоиш намоиш дод.

Ҷавонону донишҷӯён ба барномаи «Амонат-мобайл» мароқи зиёд зоҳир намуда, дар якҷоягӣ онро аз плей маркет тавассути QR-код зеркашӣ намуданд. Аз ҷониби Бонки давлатии амонутгузории  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» ба кулли иштирокдорони ҳамоиш маводи тарғиботӣ

ва армуғонӣ ва ба се нафар иштирокчии фаъол туҳфаҳои хотирмон тақдим гардиданд.

Инчунин ба номи 3 нафар ҷавони фаъол дар Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» суратҳисоби пасандози «Муҳлатнок» кушода шуд.

 Аксҳо аз Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк» 

Октябрь 30, 2021 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУЛИ МИЛЛӢ –«СОМОНӢ». Банкнотаҳои он на танҳо воситаи пардохт, балки бозтоби таърих, фарҳанг, дастовардҳо ва ҳувияти миллии Тоҷикистон мебошанд
ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ АСЪОРИ МИЛЛӢ. Эҳтироми пули миллӣ эҳтироми миллат аст!
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2165 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ муқаррар шудааст
Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамкориро дар самти таҳкими низоми молиявию бонкӣ густариш медиҳанд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст