Дар Душанбе дар мавзӯи рушди устувор ва роҳбарии занон дар Осиёи Марказӣ конференсияи минтақавии онлайнӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар якҷоягӣ бо Барномаи Рушди СММ ва Созмони Милали Муттаҳид — Занон дар доираи Барномаи амали Муколамаи занони пешвои Осиёи Марказӣ барои соли 2021 дар мавзӯи «Рушди устувор ва роҳбарии занон дар Осиёи Марказӣ» конференсияи минтақавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Конференсия бо иштироки аъзои муколама, роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, вакилони ҷавони Парлумон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва академияҳо баргузор шуд.
Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин конференсияи бонуфуз Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, вакилони ҷавони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходимони ҷавони Академияи миллии илмҳо, намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ва коршиносони миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Кори конференсия ба таври маҷозӣ сурат гирифта, дар он дастовардҳо ва мушкилот дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва қабули Нақшаи амалиёти минтақавӣ оид ба Ҳадафҳои рушди устувор, таҳкими ҳамкории занони пешво ва созмонҳои занон дар Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид






