Дар Душанбе нақшаи чорабиниҳо оид ба шинонидани ниҳолу гулҳои мавсимию бисёрсола дар давраи тирамоҳ ва баҳори соли 2022 тасдиқ гардид

Октябрь 22, 2021 10:20

ДУШАНБЕ, 22.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 20 октябри соли равон  нақшаи чорабиниҳо  оид ба шинонидани ниҳоли  дарахту буттаҳо,  гулҳои мавсимию бисёрсола дар давраи тирамоҳи соли 2021 ва баҳори соли 2022  тасдиқ  гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».

Дар қарори мазкур омадааст, ки корхона, ташкилоту муассиса ва дигар субъектҳои хоҷагидории дар шаҳри Душанбе фаъолиятдошта, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ дар атрофи мавзеи худ бо риояи талаботи агротехникӣ, тавсияи мутахассисони соҳа шинонидани ниҳоли дарахтону буттаҳо ва гулҳои мавсимию бисёрсоларо дар тирамоҳи соли 2021 ва баҳори  соли 2022 ба роҳ монда, нигоҳубини минбаъдаи онҳоро таъмин намоянд,

Иқдоми мазкур бо  мақсади  ободонӣ ва боз ҳам сабзу хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳо, боғу гулгаштҳо ва  майсазор намудани мавзеъҳои пойтахт   ба роҳ монда шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе  раисони ноҳияҳои пойтахт ва сохторҳои дахлдори шаҳрро  вазифадор намуд, ки   баҳри сари вақт иҷро намудани  чорабиниҳои  мазкур тадбирҳои зарурӣ андешида,  корҳои ободониву сабзазоркуниро   бо сифати баланд  ва мутобиқ  ба замони  муосир  анҷом  диҳанд.

Хотиррасон менамоем, ки  соли равон  як зумра  корҳои назаррас дар соҳаи ободонӣ ва сабзазоркунии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуданд.

Аз ҷумла, дар шашмоҳаи аввали соли равон бо мақсади сабзу хуррам гардонидани хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилоти шаҳри Душанбе ба миқдори 226, 3 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 14,2  миллион бех гулҳои мавсимии бисёрсола ва дар майдони 254,4 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд.

Инчунин бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар ин давра ба миқдори 5465 бех дарахтони ороишию сояфкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуданд.

Ёдовар мешавем, ки  дар шаҳри Душанбе ҳамасола ҷиҳати вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ озмунҳои гуногун гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, соли равон бо мақсади вусъати корҳои ободонию созандагӣ, сабзазоркунӣ , тарғиби зебоипарастӣ миёни сокинони пойтахт ҷиҳати муайян намудани беҳтарин композитсия ва дизайни ҷолиби мавзеи гулзор, инчунин сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе озмуни шаҳрии гулҳо — «Душанбе — шаҳри гулрез» баргузор мегардад.

Тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, озмуни мазкур дар ду давра баргузор гардида, даври ноҳиявии он то 15 майи соли 2022 доир шуда, даври шаҳрии он  то 30 майи соли 2022 бояд ҷамъбаст шавад.

Ғолиби ҷойи якуми озмун бо «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, ғолиби ҷойи дуюми озмун бо «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7  ҳазор сомонӣ ва ғолиби ҷойи сеюми озмун бо «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешавад.

Талошу тадбирҳои пайвастаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе баргирифта аз ҳидояту роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сабзкорию ободгардонӣ, гулзору гулпӯшгардонии мамлакат мебошад, ки имрӯз ин иқдомро ҳама пиру ҷавони мамлакат вазифаи хеш дониста, пайи анҷом додани он мебошанд.

Ниҳолшинониву гулшинонӣ  аз қадимулайём барои тоҷикон рамзи зиндагии шоиста, хуррамӣ ва шодобӣ мебошад. Тавсифу тараннуми гулҳои атрогину сабзаҳои махмалин дар адабиёти ҳазорсолаи тоҷик мақоми арзанда дорад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 22, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид
«ФЕСТИВАЛИ ТОБИСТОНАИ ДУШАНБЕ-2026»: Пойтахти Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мизбони ҷашни фарҳангиву фароғатӣ гардид
Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо мавзеъҳои таърихию сайёҳии минтақаи Кӯлоб шинос шуданд