Дар Душанбе таҳти унвони «Худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария, амалия ва дурнамои рушд» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 09.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр бо ташаббуси Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: назария, амалия ва дурнамои рушд» оғоз гардид, ки он дар бахшҳо ду рӯз идома меёбад, хабар доданд аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода дар конференсия изҳор дошт, ки «барои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлили хусусиятҳои раванди ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар сатҳи маҳал аҳамияти хосса дошта, зарурати воқеист. Дар ду даҳсолаи охир як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба мисли Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолиятии ҷамъиятӣ», Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва ғайра қабул ва тасдиқ карда шуданд, ки онҳо барои пешрафт ва ташаккули минбаъдаи идоракунии маҳаллӣ ва худидоракунии маҳаллӣ такони ҷиддӣ бахшиданд».
-Дар натиҷаи ислоҳот, идоракунии маҳаллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо падидаҳои комилан нав чун интихобот, ҳамкориҳои берунаи хориҷӣ, худидоракунӣ, худфаъолиятии ҷамъиятӣ ва падидаҳои дигар такмил ёфта, ба раванди муносибатҳои ҷаҳонишавӣ ворид шуд. Бинобар ин, таҳлили муфассали илмии хусусиятҳои раванди ташаккулёбии низоми нави муносибатҳои сиёсати давлатӣ дар сатҳи маҳал бо назардошти падидаҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Сиёсати маҳаллӣ қисми таркибии сиёсати давлатӣ буда, амалҳои ҳадафноки давлатро дар худ таҷассум менамояд, ки он барои амалӣ шудани фаъолияти мутавозини маҳалҳо ва таъмини рушди самаранокии онҳо равона мегардад,- илова кард Абдухалил Ғафурзода.
Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Кабирҷон Ҷӯразода зимни баромади худ аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуд, ки Сарвари давлат гуфтаанд: «Рушди деҳот яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодиёти муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои маҳаллӣ ва бо дар назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад».
Дар ҷараёни конференсия масъалаҳои заминаҳои таърихии ташаккули худидоракунии маҳаллӣ, муаммои ҳамкории мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, назарияҳои асосии худидоракунии маҳаллӣ, таҳқиқи масъалаҳои актуалии идоракунии давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, такмили салоҳияти мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, баланд бардоштани самаранокии низоми худидоракунии маҳаллӣ дар марҳилаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон, баъзе масъалаҳои рушди иқтисодии минтақаҳои деҳот дар таъмини босуръати сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра баррасӣ шуданд.
АКСҲО: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ










«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд






