Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид

Сентябрь 19, 2026 13:29

ШАҲРИНАВ, 19.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Шаҳринав бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода ҷамъоварии пахта оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар ноҳия дар 345 гектар чигит кишт карда шудааст. Аз ин ҳисоб 100 гектар ба тариқи технологияи зери плёнка ва майдонҳои боқимонда ба таври анъанавӣ кишт карда шудаанд.

Муовини Сарвазир ва масъулин барои парвариши пахта, коркарди байни қаторҳо, анҷом додани саривақтии корҳои агротехникӣ ва руёнидани ҳосили баланд ба кори хоҷагидорони пахтакор баҳои баланд доданд.

Ҳайати меҳмонон инчунин аз гармхонаҳои замонавии ноҳия дидан карданд. Дар ин гармхонаҳо бо истифода аз усулҳои муосири кишоварзӣ помидору бодиринг кишт намудаанд, ки аз он ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Шаҳринав бо корҳои саҳроӣ ва вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуда, барои боз ҳам рушду ташаккул додани соҳаи кишоварзӣ ва истифодаи мақсадноку босамари замин, риояи қоидаҳои агротехникӣ, ҷамъоварии саривақтӣ ва беталафоти пахта ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба масъулини ноҳия супоришу тавсияҳо дод.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Сентябрь 19, 2026 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд