Дар Тоҷикистон машқҳои ҳарбии СААД оғоз ёфтанд
ДУШАНБЕ, 18.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 октябр, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ машқҳои муштараки ҳарбии худро, ки дар ҳудуди сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон мегузаронад, оғоз мекунад.
Қувваҳои дастҷамъии СААД дар доираи машқҳои фаврӣ-стратегии «Бародарии ҳарбӣ-2021» 3 машқи муштарак мегузаронанд, ки дар он 4 ҳазор нафар ва беш аз 500 адад техникаҳои ҳарбӣ иштирок мекунанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Округи ҳарбии Русия ба ТАСС иттилоъ доданд.
Дар наздикиҳои сарҳади Афғонистон 3 машқи муштарак, аз қабили «Ҳамкорӣ», «Ҷустуҷӯ» ва «Эшелон» бо ҷалби низомиёни кишварҳои аъзои СААД гузаронида мешаванд, ки ба онҳо беш аз 4 ҳазор нафар низомиён ва беш аз 500 адад техника ҷалб карда шудаанд. Асоси қисмати русиягиро қисми 201-уми пойгоҳи ҳарбӣ ташкил медиҳад, омадааст дар хабар.
Тавре аз хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказии Русия хабар доданд, тамринҳои амалӣ дар ду машқгоҳи Тоҷикистон — Ҳарб-Майдон ва Момирак бо иштироки низомиёни 6 кишвари аъзои СААД гузаронида мешаванд.
Шартнома оид ба амнияти дастҷамъӣ соли 1992 дар Тошканд ба имзо расонида шуда, соли 2002 қарор оид ба таъсиси созмони мувофиқ қабул гардид. Ба СААД Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд. Тоҷикистон роҳбарии раёсати Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро дар солҳои 2020-2021 ба зимма дорад.
Машқҳои СААД «Ҳамкорӣ-2021» аз 18 то 23 октябри имсол идома меёбанд. Роҳбари департаменти сеюми давлатҳои ИДМ Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Стерник зикр намуд, ки машқҳои муштараки Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон то замоне гузаронида мешаванд, ки вазъияти Афғонистон инро талаб мекунад.
АКС аз сомонаи СААД








80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд






