Дар Тоҷикистон машқҳои ҳарбии СААД оғоз ёфтанд

Октябрь 18, 2021 10:48

ДУШАНБЕ, 18.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 18 октябр, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ машқҳои муштараки ҳарбии худро, ки дар ҳудуди сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон мегузаронад, оғоз мекунад.

Қувваҳои дастҷамъии СААД дар доираи машқҳои фаврӣ-стратегии «Бародарии ҳарбӣ-2021» 3 машқи муштарак мегузаронанд, ки дар он 4 ҳазор нафар ва беш аз 500 адад техникаҳои ҳарбӣ иштирок мекунанд. Дар ин бора аз маркази матбуоти Округи ҳарбии Русия ба ТАСС иттилоъ доданд.

Дар наздикиҳои сарҳади Афғонистон 3 машқи муштарак, аз қабили «Ҳамкорӣ», «Ҷустуҷӯ» ва «Эшелон» бо ҷалби низомиёни кишварҳои аъзои СААД гузаронида мешаванд, ки ба онҳо беш аз  4 ҳазор нафар низомиён ва беш аз 500 адад техника ҷалб карда шудаанд. Асоси қисмати русиягиро қисми 201-уми пойгоҳи ҳарбӣ ташкил медиҳад, омадааст дар хабар.

Тавре аз хадамоти матбуоти Округи ҳарбии марказии Русия хабар доданд, тамринҳои амалӣ дар ду машқгоҳи Тоҷикистон — Ҳарб-Майдон ва Момирак бо иштироки низомиёни 6 кишвари аъзои СААД гузаронида мешаванд.

Шартнома оид ба амнияти дастҷамъӣ соли 1992 дар Тошканд ба имзо расонида шуда, соли 2002 қарор оид ба таъсиси созмони  мувофиқ қабул гардид. Ба СААД Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд. Тоҷикистон роҳбарии раёсати Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро дар солҳои 2020-2021 ба зимма дорад.

Машқҳои СААД «Ҳамкорӣ-2021» аз 18 то 23 октябри имсол идома меёбанд. Роҳбари департаменти сеюми давлатҳои ИДМ Вазорати корҳои хориҷии Русия Александр Стерник зикр намуд, ки машқҳои  муштараки Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон то замоне гузаронида мешаванд, ки вазъияти Афғонистон инро талаб мекунад.

  АКС аз сомонаи СААД

Октябрь 18, 2021 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон мулоқот намуд
Дар Панҷакент 24 кг маводи мухаддир мусодира карда шуд
Ҷаласаи коршиносон оид ба таъсис додани Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе баргузор гардид
Вакили Маҷлиси намояндагон барои ҳайати шахсии Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ машғулияти сиёсӣ доир намуд
Дар Душанбе интиқолдиҳандаи маводи мухаддир бо 31 кг “ҳашиш” боздошт ва ба 13 соли зиндон маҳкум шуд
Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд