Дар Тоҷикистон намояндагии «Agricultural Bank of China» ба фаъолият оғоз мекунад
ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон ояндаи наздик намояндагии «Бонки кишоварзии Чин» /«Agricultural Bank of China»/ ба фаъолият шурӯъ менамояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон.
Бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» барои ифтитоҳи намояндагии Ҷамъияти саҳомии масъулияти маҳдуди «Бонки кишоварзии Чин» дар шаҳри Душанбе розигӣ дода шуд.
Дар асоси қарори мазкур Департаменти назорати бонкӣ вазифадор гардид, ки дар Феҳристи бақайдгирии намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ сабти дахлдор ворид намояд.
«Бонки кишоварзии Чин» ё «ABC Bank», ки 70 сол муқаддам, аниқтараш соли 1951 таъсис дода шудааст, сеюмин бонки бузург на танҳо дар Чин, балки дар ҷаҳон маҳсуб мешавад. Идораи марказии «ABC Bank» дар Пекин воқеъ буда, ба 320 миллион муштарӣ хизмат мерасонад.
ДАР АКС: идораи марказии «ABC Bank» дар Пекин. Акс аз манбаи боз








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад






