Дилрабо Мансурӣ: Баробарии марду зан ҳуқуқи асосии инсон ва омили муҳими рушди устувор мебошад

Октябрь 7, 2021 15:43

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон: Нақшаи фаъолият ва тадбирҳои баланд бардоштани иқтидор» ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ “Ховар” хабар дод, дар назди иштирокчиёни ҳамоиш муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки “баробарии марду зан ҳуқуқи асосии инсон ва омили муҳими рушди устувор мебошад. Ҳоло ҳеҷ кас шубҳа намекунад, ки беҳтар кардани мақоми занони тамоми ҷаҳон ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои онҳо шарти муҳими рушди иқтисодии кишварҳою минтақаҳо ва гузариши минбаъда ба рушди устувори ҷаҳон мебошад. Мисли ҳама кишварҳои пасошӯравӣ, Тоҷикистон пас аз тағйироти геополитикӣ дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравии пешин ба ташаккули асосҳои институтсионалии баробарии гендерӣ шурӯъ кард”.

Дилрабо Мансурӣ ҳамчунин гуфт, ки дар тӯли солҳои истиқлолият  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз байн бурдани стереотипҳои гендерӣ ва таъмини сиёсати муассири гендерӣ кори бузургеро анҷом додааст, ки имрӯз афзалияти сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад.

Тоҷикистон ҳамчун қадами аввал санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна табъиз нисбат ба занонро ба тасвиб расонд.

Мувофиқи Конститутсия, мардону занон баробаранд, ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд ва давлат ҳуқуқ ва озодиҳои ҳар касро, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, дин, эътиқоди сиёсӣ, таҳсилот, баромади иҷтимоӣ кафолат медиҳад. Дар Конститутсия, ки ҳуқуқи баробари шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ муқаррар карда шудааст, ҳама гуна маҳдудият дар муносибатҳои меҳнатӣ манъ карда шуда, нишон дода шудааст, ки музди баробар барои кори баробар дода мешавад. Оила ҳамчун асоси ҷомеа таҳти ҳимояи давлат қарор дорад. Дар ин замина ин санади сиёсию ҳуқуқӣ муқаррар намуд, ки дар муносибатҳои оилавӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробаранд.

Дар ин замина Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 воқеан инқилобӣ буд. Ин Фармон таъйини яке аз муовинони роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, раёсатҳо ва агентиҳои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, идораҳои давлатӣ ва муассисаҳо, судҳо ва прокурорҳоро аз ҷониби занон бо назардошти салоҳият, сифатҳои касбӣ ва корӣ пешбинӣ намудааст. Ҳамзамон ба прокуратура, вазоратҳои адлия ва мақомоти корҳои дохилии ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки муборизаро ба муқобили зуҳуроти таҳқир ва хушунат нисбат ба занон, бисёрзанӣ, маҳдуд кардани ҳуқуқи занону духтарон пурзӯр кунанд.

Дар ҳамоиш ҳамчунин дигар намояндагони қишрҳои ҷомеа сухан гуфтанд.

  АКС: МНМО ҶТ  

Октябрь 7, 2021 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати парлумони Бундестаг мулоқот доир шуд
Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии муколамаи байнифарҳангӣ дар Боку конфронси байнипарламентӣ доир шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Разес Фарма» созишномаи сармоягузорӣ ба тасвиб расид
«ЗАХИРАҲОИ ОБ ВА УСТУВОРИИ ДЕМОГРАФӢ БА МАНФИАТИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе Форуми байналмилалии парламентӣ доир мешавад
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» ҳамоиш баргузор гардид
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйироту илова ворид гардид
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд