Доир ба дурнамои ҳамкории кишварҳои узви СААД дар чаҳорчӯби мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир конфронс доир шуд

Октябрь 6, 2021 15:52

ДУШАНБЕ, 6.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Дурнамои ҳамкории кишварҳои узви СААД дар чаҳорчӯби мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир» Конфронси илмию амалии байналмилалӣ   баргузор гардид, иттилоъ доданд ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти ин ниҳод.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони вазорату муассисаҳои марбутаи давлатӣ, марказҳову пажӯҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ, донишмандону коршиносон, дипломатҳои ваколатдори сафоратҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат варзиданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ баргузории ҳамоишро муҳим арзёбӣ намуда, ба иштирокчиёни он барори кор орзу намуд.

Дар конфронс доир ба мавзӯъҳои «Таҳдиду хатарҳо ба амният дар минтақаи зери масъулияти СААД ва дурнамои муқобилати дастҷамъона ба онҳо», «Асосҳои ҳуқуқии таъмини амният ва танзими низоъҳо дар доираи СААД», «Сиёсати СААД дар  муқовимат ба таҳдидҳои шабакавӣ», «Ҳамкории зиддимухаддиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи СААД», «Ҳамкории ҳарбӣ-сиёсии Тоҷикистон дар доираи СААД» ва ғайра маърӯзаҳои илмӣ шунида шуданд.

 

Аксҳо аз МТС

Октябрь 6, 2021 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд