Доктори илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ Асозода: «Меҳргони аҷдодӣ тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд»
ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳамасола дар мамлакат якшанбеи сеюми моҳи октябр Иди Меҳргон ҷашн гирифта мешавад. Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ АСОЗОДА дар бораи ин ҷашн, ки дар радифи Садаю Наврӯзу Тиргон яке аз ҳалқаҳоест дар силсилаи идҳои марбут ба тамаддуни кишоварзии аҷдодонамон ва онро деҳқонон дар давраи баробарии шабу рӯз дар тирамоҳ барои ҷамъбасти ҳосили бо ранҷ парвардаи хеш ҷашн мегирифтанд, изҳори назар намуд.
Меҳргони аҷдодӣ тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз манзалати хешро ҳифз намояд
Доктори илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ Асозода иброз дошт, ки «тибқи муқаррароти солшумории шамсӣ, Меҳргон аз замони салтанати сулолаи Каёниён сарчашма мегирад, ки он ба рӯзи шонздаҳуми Меҳргон, яъне моҳи октябри солшумории милодӣ рост меояд. Аз он дам ҳамасола ниёгони мо ин рӯзро чун тантанаи сулҳу осоиш, намоиши ранҷи кашидаи деҳқон, анҷоми корҳои барзгарон, пастравии гармии Офтоб, коҳиши нумӯи табиат, фарорасии айёми хазонрез таҷлил менамудаанд, ки он шаш рӯз идома меёфтааст».
«Сарфи назар аз гирудорҳои сиёсию фарҳангӣ Меҳргони аҷдодӣ тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар васфи ин ҷашни бузург иброз доштаанд: «Соли ҳафтум аст, ки мо ҷашни Меҳргонро дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил намуда, онро ба қатори ҷашнҳои расмӣ ба қонунгузории кишвар ворид кардаем. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Меҳргон пайванди моро бо решаҳои бостонии миллиамон тақвият бахшид ва боиси болоравии худшиносиву худогоҳии мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон гардид, зеро Меҳргон рамзи ваҳдати инсонҳо, намунае аз ахлоқи баландтарини инсонӣ, меҳрварзиву накӯкорӣ, ватандӯстӣ ва адолатпарварӣ ба шумор меравад».
Ниёгони мо дар ин рӯз сарулибоси идонаи арғувонӣ мепӯшиданд
Президенти АИКТ, доктори илмҳои кишоварзӣ Нуралӣ Асозода ёдовар шуд, ки «сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз сарулибоси идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик менамудаанд. Суфраи Ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рӯйи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хӯрданиҳои маҳаллӣ ва маводи хушбӯй, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад. Хулоса, Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, иди ҳосилот ва намоиши дастранҷи кишоварзон аст. Ҳар сол бо назардошти ин ки Меҳргонро бештар ба унвони ҷашни кишоварзон мешиносанд, дар идгоҳҳо намоишгоҳи анвои гуногуни меваю сабзавот, мураббову шириниҳо, шарбату оби мева ва таҷҳизоти кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуда, базму тамошоҳо барпо мегарданд».
Аз Меҳргон то Меҳргон
Яке аз оинҳои ҷашни миллӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҷамъбаст ва натиҷагирии фаъолият аз соли гузашта мебошад. Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз Меҳргон то Меҳргон фаъолияти пурсамар намуда, ба дастовардҳои баланди илмӣ ноил гардиданд. Аз ҷумла, олимони АИКТ ба Комиссияи давлатии озмоишии навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 20 навъи нави зироатҳои серҳосили кишоварзиро барои омӯзишу минтақабобгардонӣ супурданд. Ҳоло татбиқи дастовардҳои илмӣ васеъ гардида, кишти навъҳои зироатҳои офаридаи олимон мутаносибан аз 45 то 80 дарсади майдонҳои кишти ҷумҳуриро дар бар мегирад.
Дар зерташкилотҳои АИКТ зиёда аз 2,5 ҳазор тонна тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ ва зиёда аз 150 ҳазор воя ваксинаю доруҳои химиотерапевтии байторӣ истеҳсол гардида, ба хоҷагидорон дастрас шуданд.
Олимони муассисаҳои АИКТ дар асоси дастовардҳои илмӣ соҳиби 30 патенту шаҳодатномаҳои ихтироот гардиданд.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи дастовардҳои илмӣ ва технологияҳои инноватсионӣ оид ба масоили ҳалталаби рушди бахшҳои соҳаи кишоварзӣ бо ташаббуси олимони Академия зиёда аз 40 семинару конфронсҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва саҳроӣ баргузор гаштанд.
Боиси ифтихор аст, ки мардуми меҳнатқарини тоҷик шукрона аз истиқлолу сулҳу субот ва ваҳдату якдилӣ намуда, ҳар порча замини зархези диёри биҳиштосоямонро самараноку оқилона истифода мебаранд. Он заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмондаро бо тавсияи судманди олимону мутахассисони соҳа давра ба давра ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, аз он ҳосили дилхоҳ рӯёнда истодаанд, ки барои рушди муттасили соҳа мусоидат доранд.
Ба таъкиди Роҳбари давлат, баргузории чунин ҷашнҳо танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар гуна ҷашну санаҳои муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои ояндаи нек таҳрик созад.
Аксҳо аз АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истеҳсоли барқ оғоз намуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «TajTech – 2026» доир мегардад
РУШДИ САНОАТ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бадахшон беш аз сад корхона ва коргоҳи хурди саноатӣ фаъолият менамояд
Дар Кумитаи бехатарии озуқаворӣ оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор шуд
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Нахустин мулоқоти ҳамоҳангсозони миллии Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ баргузор шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон тақвияти робитаҳои байнибонкии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баррасӣ шуд
Дар Душанбе Намоиши байналмилалии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ ва бастабандии «UPAK EXPO 2026» доир гардид
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ва инноватсия густариш медиҳанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Дар вилояти Суғд шумораи корхонаҳои саноатӣ нисбат ба соли 1991 беш аз ҳазор адад зиёд шудааст






