ДУШАНБЕ-ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ ДАР СОЛИ 2021. Солҳои минбаъда кадом шаҳрҳо ин унвони ифтихориро соҳиб мегарданд?

Октябрь 29, 2021 13:59

ДУШАНБЕ, 29.102021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукуматдорони Гагаузия (ҳудуди мухтор дар ҳайати Ҷумҳурии Молдова) омодагии худро ба соли 2023 шуруъ намуданд, ки дар ин сол бори нахуст дар таърихи худ пойтахти ҳудуди мухтор- шаҳри Комрат ҳамчун пойтахти фарҳангии ИДМ шинохта хоҳад шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ба рӯзноманигорон сардори Сарраёсати робитаҳои берунии ҳудуди мухтори  Гагаузия Виталий Влах иттилоъ дод.

«Дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Молдова мо ҳоло нақшаи чорабиниҳо барои соли 2023-ро, ки дар пойтахти ҳудуди мухтор- шаҳри Комрат мегузаранд, омода намуда истодаем»,-гуфт Влах.

Ҳуҷҷати таҳияшуда барои баррасӣ ба мақомоти иҷроияи кишварҳои ИДМ пешниҳод карда мешавад. Влах зикр намуд, ки мақоми пойтахти фарҳангии ИДМ- «нуқтаи хеле олист», ки имкон медиҳад Гагаузия барои ҳама кишварҳои собиқ Шӯравӣ шиносо шавад.

Ёдовар мешавем, ки соли 2022 пойтахти фарҳангӣ шаҳри қирғизии Қароқул мегардад. Ва имсол мақоми ифтихории пойтахти фарҳангии ИДМ-ро пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ба худ касб кардааст.

Дар доираи соли «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нақшаи махсуси чорабиниҳоро ташкил кардааст, ки аз маҷмӯи чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва раванди  барқарорсозии ёдгориҳои таърихӣ иборат мебошад.

Нахустин «Пойтахти фарҳангии ИДМ» шаҳри бостонии Беларус- Гомел интихоб гардида буд. Миёни шаҳрҳои Тоҷикистон соли 2015 ин мақомро шаҳри Кӯлоб касб намуда буд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Октябрь 29, 2021 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид