ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон бо дастаи Индонезия бозии дӯстона анҷом дод

Октябрь 20, 2021 08:54

ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии дӯстонаи дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи  Тоҷикистон оид ба футбол  бо  дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи  Индонезия  дар сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин  вохӯрии ҷолиб  дастаи футболи мунтахаби ҷавонони  Индонезия  бо ҳисоби  2:1 дастаи мунтахаби ҷавонони  Тоҷикистонро мағлуб намуд, иттилоъ дод  шореҳи варзиши АМИТ Меҳрони Қурбон «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Чанд рӯз пеш, дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи   Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи   Ветнам бозии рафиқона анҷом дод.  Вохӯрии  дастаҳо  хеле ҷолиб  сурат гирифта, бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом ёфт. Голи дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи   Тоҷикистонро ҳамлагари ҷавону шинохтаи   дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  Рустам Соиров ба нишон расонид.

Ёдовар мешавем, ки  мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 аз 22 то 31 октябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи   Тоҷикистон оид ба футбол  дар гурӯҳи «В»  бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш дастаҳои мунтахаби  ҷавонони  «Лубнон»  (25 октябр), Непал (28 октябр) ва Эрон (31 октябр) ҳастанд.

Бозии рафиқона

Тоҷикистон  (U-23) – Индонезия (U-23) – 1:2

Голҳо: Шервонӣ Мабатшоев, 5 (1:0). Ханис Сагара Путра, 35 (1:1). Амируддин Багус Кахфи, 64 (1:2).

Бозии рафиқона

Ветнам (U-23) – Тоҷикистон (U-23) – 1:1
Голҳо: Ле Хуан Ту, 82 (1:0). Рустам Соиров, 88 (1:1).

АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 20, 2021 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Саняи Чин Бозиҳои 6-уми соҳилии Осиё оғоз гардиданд
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд
Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар шаҳри Турсунзода дар сатҳи баланд доир гардид
Ҷудочиёни тоҷик аз Чемпионати Осиё–2026 бо 5 медал ба Ватан баргаштанд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасону ҷавонон баргузор гардид
Дар Хоруғ мусобиқаи вилоятии шоҳмот баргузор гардид
Дар шаҳри Москва Чемпионати кушод оид ба ҷудо таҳти унвони “Дӯстии халқҳо” оғоз гардид
Мадина Қурбонзода дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо соҳиби медали биринҷӣ гардид
Эмомалӣ Нуралӣ медали тилло ва Обид Ҷебов медали нуқраи Чемпионати Осиё оид ба ҷудоро соҳиб гардиданд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои ба одати доимӣ табдил ёфтани машқи пагоҳирӯзӣ чӣ бояд кард?
Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Тошканд ғолиби чемпионати CAFA-2026 гардид