Футболбозони ҷавони тоҷик дар доираи омодагӣ ба Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 ба Дубай мераванд
ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 як ҳафта дар Дубай ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар ин ҷамъомад футболбозони ҷавони тоҷик ду вохӯрии дӯстона мегузаронанд. 8 октябр шогирдони Мубин Эргашев бо ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Шабоб Ал-Аҳлии Дубай ва 12 октябр бо дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Ветнам бозии дӯстона анҷом медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дастаи мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар гурӯҳи «В» бо дастаҳои мунтахаби ҷавонони Лубнон (25 октябр), Непал (28 октябр) ва Эрон (31 октябр) бозӣ мекунад.
АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Паралимпичиёни Тоҷикистон дар III Фестивали байналмилалии мутобиқкунонии намудҳои варзиш «ИМПУЛС» 35 медал ба даст оварданд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






