ИФТИХОРИ МО! Ҷавони 17-солаи тоҷик соҳиби 223 000 доллар бурсияи донишгоҳи амрикоии «Duke Kunshan University» гардид

Октябрь 27, 2021 11:27

ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавони 17-солаи тоҷик  Назирҷон Исмоил бо ихтирои барномаи наве соҳиби 223 000 доллар бурсияи донишгоҳи амрикоии «Duke Kunshan University» гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Барномаи ихтироънамудаи Назирҷон Исмоил «Face recognition» мебошад. Он дар даромадгоҳи корхонаву муассиса насб карда шуда, чеҳраҳои шахсони воридшавандаро шиносоӣ мекунад. Дар ҳолати набудани маълумот дар бораи шахс хабар медиҳад, ки ин нафар бегона аст.

Бояд гуфт, ки  Назирҷон Исмоил чанд барномаи дигар низ ихтироъ намудааст, ки яке аз онҳо «BeReade» мебошад.

Барномаи «BeReade» барои дастрас кардани вазифаҳои хонагии хонандагони мактаб хидмат мекунад.

Ҷавони тоҷик нақша дорад, ки чунин барномаҳои худро зиёд намуда, дар соҳаи технология саҳм гузорад. Ӯ ҳамчунин муаллифи чанд лоиҳа дар соҳаи технология мебошад.

Бояд гуфт, ки «Duke Kunshan University» донишгоҳи илмҳои гуманитарии сатҳи ҷаҳонӣ дар Куншани Чин буда, якчанд барномаҳои таълимии босифат ва инноватсиониро барои донишҷӯёни саросари ҷаҳон пешниҳод мекунад. Он моҳи сентябри соли 2013 дар доираи шарикии ИМА ва Чин миёни донишгоҳҳои «Duke University» ва «Wuhan University» таъсис ёфтааст.

АКС аз сомонаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҲҶТ

Октябрь 27, 2021 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст