Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чойхонаи “Чилчанор”-ро дар Ховалинг ба истифода доданд

Октябрь 3, 2021 10:35
ДУШАНБЕ, 03.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр дар маркази ноҳияи Ховалинг Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои замонавии Чойхонаи “Чилчанор”-ро ба истифода доданд.
Иншоот дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълони солҳои 2019-2021, ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Исмоил Садиров бо риояи унсурҳои хоси санъати меъмории миллӣ бо тарҳи муосир сохта шудааст.

Чойхонаи “Чилчанор” аз ду ошёна ва таҳхона иборат мебошад ва корҳои сохтмониро дар он 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ дар муҳлати кӯтоҳ босифати баланд ба анҷом расонидаанд.

Дар чойхона шароити хуби хизматрасонӣ ба сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ва муаррифии таомҳои миллии тоҷикона муҳайё мебошад.

Дар бинои муосири хизматрасонӣ ба мизоҷон асосан хӯрокҳои миллӣ дар сатҳи баланд омода ва пешниҳод гардида, дар як вақт имкони хизматрасонӣ ба 280 нафар мавҷуд аст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани чойхонаи муосир дар ноҳияи Ховалинг 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Намои дохилӣ ва берунии чойхона бо шаклу унсурҳои хоси миллӣ ва муосир оро ёфта, ба маркази ноҳия зебоии хоса зам менамояд ва таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилӣ ва хориҷиро ба худ бештар ҷалб месозад.

Ғайр аз бинои асосӣ дар атрофи он низ барои қабули мизоҷон, махсусан меҳмонону сайёҳони хориҷӣ беҳтарин шароит фароҳам карда шуда, 4 айвончаи кандакоришуда бо санъати хоси миллӣ гузошта шудааст.

Барои табъи болидаи мизоҷон саҳни бинои чойхона ва атрофи он бо гулҳои рангоранг ва ниҳолҳо оро ёфтааст.

Дар чойхонаи замонавӣ ҳамчунин барои гузаронидани тўй ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ дар асоси талаботи қонунҳои миллӣ шароити мусоид муҳайё мебошад.

Масоҳати умумии замини Чойхонаи “Чилчанор” 0,50 гектарро дар бар гирифта, худи бинои хизматрасонӣ дар майдони 1200 метри мураббаъ сохта шудааст.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити хизматрасонӣ ба мизоҷон дар Чойхонаи “Чилчанор” дар ҳамин ҷо бо 30 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо, аз ҷумла сару либос ва шириниҳо тақдим намуданд.

Ифтитоҳи Чойхонаи “Чилчанор” дар ноҳияи Ховалинг 03.10.2021

Октябрь 3, 2021 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ
Дар деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар минтақаи Рашт 30 оилаи ниёзманд соҳиби манзили истиқоматӣ шуда, ду корхонаи саноатӣ фаъол гардид
Сафари кории Президенти Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Кристофер Ландауро ба ҳузур пазируфтанд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
Ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд