ҲИКМАТУЛЛО САЙФУЛЛОЗОДА ШИКАНҶА НАШУДААСТ. Изҳороти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 09.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пахши изҳорот дар сомонаи худ хабар медиҳад, ки овозаи шиканҷа шудани маҳбус Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, собиқ узви ТЭТ ҲНИ дар муассисаи ислоҳии 3/1 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси воқеӣ надорад.
«Санҷиши ҳолати мазкур нишон дод, ки 5-уми сентябри соли 2021 миёни маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии 3/1 Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ва собиқ узви гурӯҳи террористии Сангинов Раҳмон — Турсунов Аслиддин Қобилович, ки бо бандҳои “а”, “б”, “в”, “г”, “ж”, “з” қисми 2 моддаи 181 ва қисми 1 моддаи 186-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гардидааст, дар заминаи бархӯрди манфиатҳои маишӣ муноқишаи лафзӣ сар задааст. Дар натиҷа Турсунов Аслиддин ба таҳқирҳои Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода тоб наоварда, ӯро зери лату кӯб қарор додааст», — омадааст дар изҳороти Вазорати адлия.
Дар идома омадааст, ки роҳбарияти муассисаи ислоҳӣ, бинобар вайрон кардани тартиботи дохилимуассисавӣ, худи ҳамон рӯз Турсунов Аслиддинро ба муҳлати 15 шабонарӯз ба тавқифгоҳи ҷаримавӣ барои адои ҷазо ворид намуд.
Муоинаи пешакии тиббӣ нишон дод, ки маҳбус Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода ягон осеби ҷисмонӣ надидааст ва барои табобат низ муроҷиат накардааст.
Хабарҳои бардурӯғи баъзе созмонҳои ифротӣ доир ба гӯё шиканҷа шудани маҳбус Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода иғвои маҳз буда, аз он далелҳои болозикр далолат медиҳанд.
АКС: Вазорати адлия








ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд






