Имрӯз — Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ. Иштирокдорони барномаи варзишӣ дар бораи кори наҷотдиҳандагон тасаввурот ҳосил карданд
ДУШАНБЕ, 13.10.2021 /АМИТ «Ховар/. 13 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ таҷлил мегардад. Бахшида ба ин сана аз 28 сентябр то 5 октябр бо ташаббуси Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар муассисаҳои таҳсилоти миёни умумии ноҳияҳои пойтахт сислсилачорабиниҳо баргузор шуданд. Ҳамчунин 12 октябр дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ — методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо иштироки донишҷӯёни шаҳри Душанбе ва кӯдакони имконияташон маҳдуд барномаи варзишӣ доир гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.
Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ иброз намуд, ки ин чорабинӣ аз ҷониби Кумита дар якҷоягӣ бо созмони «Ирода» – ташаббуси волидони фарзандонашон гирифтори бемории аутизм, Литсеи №1 барои бачаҳои болаёқати шаҳри Душанбе бо дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Ба кӯдакон оид ба фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода маълумоти муфассал дода шуда, техникаи махсус ва воситаҳои гуногуни наҷот, инчунин баъзе амалҳои наҷоти офатрасидагон амалан нишон дода шуданд. Ба онҳо дар бораи кумакҳои аввалини тиббӣ маълумот доданд ва воситаҳои ёриҳои фаврии тиббиро низ аз бемористони КҲФ намоиш доданд.
«Ба бачаҳо, бахусус амали дастгоҳҳои паррони бесарнишин, ки имдодгарон ҳангоми муайян кардани минтақаҳои хатарноки табиӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода истифода мекунанд, хуш омад»,-афзуд Умеда Юсуфӣ.
Сипас иштирокчиён бо қоидаҳо ва талаботи чорабинии варзишӣ шинос шуданд. Онҳо якҷоя дар бозиҳои варзишии зерин: гузаштани роҳ бо монеаҳо, кашидани арғамчин, партоби тӯб ба сабад, давидан, ҳамчунин расонидани кумак ва интиқоли «зарардида» дар занбарҳо, дар вақти муайян ва босуръат пӯшидани камзӯлҳои ҳимояи фардӣ ширкат варзиданд.
Дар рафти чорабинӣ бачаҳо чусту чолокӣ, омодагиҳои хуби ҷисмонӣ ва маҳорати кор дар дастаҳоро нишон доданд. Аммо муҳимтар аз ҳама, онҳо дар бораи кори наҷотдиҳандагон тасаввурот ҳосил карданд ва амалҳои онҳоро иҷро намуданд, ки ин хеле таассурот бахшид. Бисёриҳо ҳатто изҳор доштанд, ки оянда мехоҳанд аз ҷумлаи наҷотдиҳандагон бошанд.
Дар хатми чорабинӣ ба ҳамаи ширкаткунандагон дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.
Ёдовар мешавем, ки Ассамблеяи генералии СММ 13 октябрро Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо эълон кардааст, ки ҳадафи он мусоидат ба фарҳанги ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои табиӣ мебошад. Ин имконест, ки пешрафтҳои ба дастомада дар масъалаҳои коҳиши хатари офатҳо ва талафоти ҷонӣ, воситаҳои зиндагӣ мутобиқ ба Барномаи қолабии Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030, ки дар Сеюмин конфронси ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳои СММ дар Ҷопон моҳи марти соли 2015 қабул шудааст, эътироф карда шаванд.
Соли 2016 Дабири кулли СММ «Маъракаи Сендай ҳафт»-ро барои ҳар хонавода дар муддати ҳафт сол роҳандозӣ намуд. Ҳадаф: «Афзоиши чашмгири ҳамкории байналмилалӣ бо кишварҳои дар ҳоли рушд бо ироаи ҳимояти кофӣ ва пойдор аз онҳо барои ҳимоят аз иқдомоти миллии онҳо барои иҷрои ин барнома барои то соли 2030» мебошад.
АКСҲО: КҲФ ва МГ










«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд






