«ИРФОН» — ТАЪМИНКУНАНДАИ ҶОМЕА БО ҒИЗОИ МАЪНАВӢ». Расо 96 сол муқаддам дар Тоҷикистон аввалин нашриёти давлатӣ таъсис ёфт, ки аввалин роҳбарони он устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ буданд

Октябрь 7, 2021 15:30

ДУШАНБЕ, 07.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 октябри соли 1925 бо Қарори Раёсати Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон Нашриёти давлатии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он соли 1964 «Ирфон» ва соли 2000-ум Муассисаи нашриявии «Ирфон» ном гирифт. Вазифаи аввалин роҳбари ин муассисаро шоири ширинкалом Абулқосим Лоҳутӣ ба уҳда дошт, баъдан сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ҳамчун сармуҳарррир ва сипас ба сифати роҳбар дар ин боргоҳи илму маърифат ифои вазифа намуд.

Баъдан дар марҳилаҳои гуногун роҳбарии ин муассисаро шахсиятҳои барҷаста, аз қабили Қосим Дайламӣ, Ш. Ҷабборӣ, Маъруф Расулӣ, Абдулло Дилбозӣ, М. Нурмуҳаммадов, Бобо Шарифов, Солеҳ Гулов, Собир Хоҷаев, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Абдуҷалил Воситзода, Шавкат Маъруфӣ, Абдулвосеъ Сангинов, Ҷӯра Шарифов, Нуралӣ Ҳасанов бар уҳда дошта, дар айни замон номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Қурбон Ғуломзода дар ин вазифаи масъулиятнок хизмат менамояд.

Гузашта аз ин устод Садриддин Айнӣ тавонист, ки бо ҷамъ овардани беҳтарин неруи адабиву зеҳнӣ ва ақлонӣ аз зумраи Ҳ. Ирфон, С. Манофзода, И. Раҳматуллозода, Т. Зеҳнӣ, Қ. Абдухолиқзода, Р. Ҳошим, С. Ализода ва дигарон шӯҳрати нашриётро таъмин созад.

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Муассисаи нашриявии «Ирфон» Қурбон Ғуломзода изҳори назар намуд, дар замони Истиқлолияти давлатӣ нашриёт ба муносибати ҷашнҳои фархундаи кишвар беҳтарин осори адабию илмӣ ва бадеию сиёсиро ҳамасола манзури хонандагон гардонидааст, аз ҷумла, соли 1994 дар таҷлили тамоми ҷашнҳо ва маъракаҳои сиёсию фарҳангии ҷумҳурӣ, аз қабили 100 – солагии Акашариф Ҷӯраев, ҳазораи «Шоҳнома», тадвину қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президент ва амсоли инҳо фаъолона ширкат варзида, аксари асноди марбут ба ин рӯйдодҳои муҳимро ба табъ расонид. Ҳамзамон суханронии пурмазмуни Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар нахустин иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи апрели соли 1995) бо теъдоди се ҳазор нусха нашр намуд. Асари пурмуҳтавои Президенти мамлакат «Тоҷикистон: чаҳор соли истиқлолият ва худшиносӣ» дар ду ҷилд бо теъдоди ду ҳазор нусха бо сифати баланди полиграфӣ дастраси хонандагон гардонида шуд.

Нашриёти «Ирфон» соли 1995 ба муносибати ҷашни 50-солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тамоми маводи марбут ба ин рӯйдодҳои муҳими таърихию фарҳангиро чоп намуда, солҳои 1995-1998, сарфи назар аз камбудии коғаз ва мушкилоти иқтисодиву молиявӣ тавонист, ки як силсила китобу ҷузваҳои ҷолибу пурмӯҳтавои Сарвари давлатро, ки дар он масоили меҳварии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар матраҳ гардида буданд, интишор намояд. Чунончӣ, «Тоҷикистон: дар роҳи демократия ва ҷомеаи мутамаддин» (1996), «Бо роҳи ваҳдат ва бунёдкориҳо» (1996), «Ваҳдати миллӣ — мароми мост» (1997), «Бунёдкорони ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол» (1997), «Тоҷикон дар оинаи таърих» (1997), «Душанбе — шаҳри дӯстӣ ва бародарӣ» (1998), «Ислоҳоти иқтисодӣ – тақозои замон» 1998, «Ҷавонон – ояндаи миллат» (1998), ҳамчунин як силсила китобҳои муҳими илмӣ ва адабӣ, аз қабили «Китоби сурхи Тоҷикистон» (1998), «Дурдонаҳо аз ашъори Камоли Хуҷандӣ» (1996), «Ҷумҳурии Тоҷикистон» (маълумотнома бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)-ро дастраси хонандагон гардонид.

Соли 1999 дар давраи омодагӣ ба ҷашни 90-солагии академик Бобоҷон Ғафуров нашриёти «Ирфон» чопи як силсила китобу ҷузва ва мусаввараҳоро ба нақша гирифт, ки аз таърихи давлати мутамаркази Сомониён ҳикоят карда, мардумро ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ раҳнамун месохтанд. Масалан, «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров (бо ҳуруфоти кириллӣ ва арабӣ дар ду ҷилд) «Академик Бобоҷон Ғафуров: муҳаққиқи таърих ва тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» (ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва ҳуруфи форсӣ) «Девони хуросон», «Таборномаи оли Сомон» ва амсоли инҳо аз ҷумлаи асару рисолаҳои ҷашние маҳсуб мегарданд, ки мардумони сарзамини мо, кишварҳои ҳамҷавор ва оламиёнро бо таърихи давлатофаринии Сомониён ва симои ҷовидонаи академик Бобоҷон Ғафуров боз ҳам беҳтару бештар шинос менамуданд.

Нашриёти «Ирфон» ба ифтихори 960-солагии ҷашни фархундаи шоир ва файласуфи нотакрор Умари Хайём «Расоили фалсафа», ба шарафи 100-солагии шоири нозукбаён Сайдалӣ Вализода «Ёде аз Вализода», ба муносибати 80-умин солгарди арбоби ҷамъиятию давлатӣ Муҳаммад Осимӣ «Ёдномаи Муҳаммад Осимӣ» ном асарҳои хонданиро манзури хонандагон гардонид.

Соли 2001 ба муносибати 10-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон асарҳои пурмуҳтавои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон- «Тоҷикистон: даҳ соли истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва бунёдкорӣ» дар се ҷилд (2001), «Сиёсати сулҳ ва бунёдкорӣ» бо забони русӣ, «Эмомалӣ Раҳмон – асосгузори дипломатия ва сиёсати хориҷии Тоҷикистони соҳибистиқлол», «Албоми Тоҷикистон» дар ин нашриёт бо сатҳ ва сифати баланд нашр шуданд.

Солҳои 2002-2005 Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар таҷлили тамоми ҷашнҳои муҳиму ифтихории кишвар: 10-солагии иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, 80-солагии Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 14-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Форуми байналмилалии оби тоза, 1000-солагии Носири Хусрав ва 90-солагии арбоби ҷамъиятию сиёсӣ Ҷаббор Расулов фаъолона ширкат варзида, тамоми китобҳои марбут ба ин рӯйдодҳоро бо мазмун ва сифати баланд манзури хонандагону сокини кишвар ва меҳмонони ин ҷашнвораҳо гардонид.

Асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» (ҷилдҳои 1, 2, 3, 4 – 2002 ва ҷилди 5 — 2005 сол), «Масъулият дар назди замон», «Мақоми шоиста дар ҷомеаи башар» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, «Масъулият барои фардои миллат», «Тысячи лет в одну жизн», «Куллиёт»-и Носири Хусрав, ҷилди 2, М. Бобохонов «Таърихи тоҷикони ҷаҳон», «Арбоби барҷастаи давлатӣ», «Ахтарони фарҳанг», «Об – манбаи ҳаёт», «Сиёсатмадори таърихнигор», «Ҷашни тиллоӣ», «Тиштар – ситораи об» аз ҷумлаи чакидаҳое мебошанд, ки аз ҷониби хонандагон ва олимону донишмандон баҳои баландро сазовор гардидаанд.

Соли 2005-ум «Ирфон» 80-солагии хешро таҷлил намуд. Бахшида ба ин ҷашн китобе бо унвони «Рукни боэътимоди фарҳанг» ба табъ расид, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Соли 2006 муассиса китоби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Независимость Таджикистана и возрождение нации»-ро дар панҷ ҷилд, «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ҷилди шаш, «Сарнавишти миллати соҳибтамаддун», инчунин ба муносибати ҷашни 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб китобҳои «Ёдгориҳои меъморӣ ва ҳунарҳои мардумии Кӯлоб» бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, «Пажӯҳиш дар тамаддуни ориёӣ», «Тӯрон», «Соли тамаддуни ориёӣ», «Фарзандони барӯманди Кӯлоб», «Ёдгориҳои тамаддуни ориёӣ» ва амсоли инҳоро бо сифату ороиши баланди техникию полиграфӣ манзури хонандагони кишвар ва меҳмонони хориҷӣ гардонид. Соли 2007 ба муносибати 16-солагии Истиқлолияти давлатӣ асарҳои Пешвои миллат «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ҷилди 7, «Независимость Таджикистана и возрождение нации», ҷилди 6, рисолаи Д. Назриев «Республика Таджикистан: история независимости» ва амсоли инҳоро нашр намуд.

Нашриёти «Ирфон» ба муносибати ҷашни 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ соли 2007 асарҳои арзишманди «Маснавии маънавӣ», «Фиҳи мо фиҳи» ва «Ҷалолуддини Румӣ»-ро пешкаши ҳаводорони каломи бадеъ гардонид. Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути нашриёти «Ирфон» тарҷумаи тоҷикии китоби муқаддаси «Қуръони карим» бо теъдоди зиёд ва ороиши махсус аз чоп баромад. Дар ин сол муассиса 45 номгӯй китобу ҷузваро ба бозори маънавӣ бароварда тавонист.

Соли 2009 ба ифтихори 1310-умин солгарди Имоми Аъзам, 18- солагии Истиқлолияти давлатӣ, 15-солагии Конститутсия ва соири рӯйдодҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ китобҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ҷилди 8, «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён», Имоми Аъзам- «Фиқҳи акбар», Абдулқаюми Ҳоққонӣ- «Воқеоти ҳайратангези Имоми Аъзам Абӯҳанифа», Ато Ҳамдам, Леонид Чигрин- «Дневная звезда Имома Азама» бо забони русӣ, А. Икромӣ- «Ҳомии қонун» ва амсоли инҳо ба нашр расиданд.

Зимнан ба муносибати 19-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 65-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон, Иди байналмилалии Наврӯз соли 2010 китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», ҷилди 8 ба нашр расид. Ҳамчунин муассиса китобҳои «Родмардони ватан»-и С. Завқӣ, «Қиссаҳо аз ҷанговарони тоҷик»-и Х. Шарифов, «Фоҷиаи домангир»-и И. Насриддинов, «Обнома»-и С. Тоҳир ва «Наврӯз – Иди байналмилалӣ»-ро бо теъдоди зарурӣ манзури хонандагон гардонид.

Соли 2011 муассиса ҷилди 10-уми китоби Пешвои миллат- «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат», «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров бо забони англисӣ, мусаввараи «Тоҷикистон» ва китоби «20 сол бо Эмомалӣ Раҳмон»-ро дар сатҳи баланди полиграфӣ чоп намуд.

Соли 2012 муассиса 22 номгӯй адабиёти сиёсӣ ва илмӣ – оммавиро бо теъдоди 22300 адад аз чоп баровард. Бояд зикр намуд, ки мувофиқи тадқиқоти оморӣ, Муассисаи нашриявии «Ирфон» аз соли 2013 то 2020 129 номгӯй китобро бо теъдоди 163 305 нусха нашр намуда, дастраси хонандагон гардонидааст.

Соли 2021 барои аҳли кормандони муассиса хотирмон аст. Маҳз дар ин муддат муассиса 96-солагии худро истиқбол намуд. Ҳайати кормандон ба истиқболи 95-солагӣ китоби ҷашниеро зери унвони «Боргоҳи илму ирфон» ба нашр расониданд, ки аз таъриху дастовардҳо ва шахсиятҳои барҷастаи ин соҳа нақл менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин давра нашри осори бисёрҷилдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат»-ро бо забонҳои тоҷикию русӣ идома дода, то кунун 20 ҷилди китоби номбурда бо забони тоҷикӣ ва 18 ҷилди он бо забони русӣ таҳти унвони «Независимость Таджикистана и возрождение нации» нашр гардидааст.

Бори аввал маводи ҷилди тоҷикӣ (ҷилди 20) бо матни русӣ пурра мувофиқ кунонида шуд. Ҳамзамон барои осон гардидани раванди таҳқиқ дар ин ҷилд кумакфеҳристи ашхос, ҷуғрофӣ, мавзӯӣ, сарлавҳаи китоб дар шакли васеъ ва мукаммал ҷой дода шуд.

Айни ҳол дар муассиса гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки онҳо ба омода намудани кумакфеҳристи китоби бисёрҷилдаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон- «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» машғул мебошанд. Муассисаи нашриявии «Ирфон» яке аз аввалин нашриёте маҳсуб мегардад, ки китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуровро аз даврони Шӯравӣ то имрӯз пайваста ба нашр расонида, дастраси хонандагон мегардонад. Ин асар дар таҳрири нав, бо гузоштани харита ва расмҳои дохили китоб ва бо сифати баланд дар матбааи «Муосир» бо теъдоди 1300 нусха чоп гардид. Ҳамзамон бо кӯшиши пайвастаи кормандони муассиса китоберо бо номи «Роҳнамои ношир (маводи роҳбарикунанда)» барои истифодаи хизматӣ омода ва чоп намудаанд, ки ин дар даврони соҳибистиқлолии кишвар яке аз аввалин дастурҳо дар ин соҳа маҳсуб мегардад.

Инчунин дар робита ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти ватани азизамон муассиса ҳамчун туҳфа ду намуди руқаот (откритка)-ро таҳти унвони «Тоҷикистон – кишвари куҳанбунёд» ва «Тоҷикистон – замони истиқлол» бо гирд овардани 60 расми мавзеъҳои ҷолибу дидании кишвар ва матни онро бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) чоп намуд.

Дар маҷмӯъ, тӯли 30 соли истиқлолият муассиса зиёда аз 1992 номгӯй китобро дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодиёт ва илмҳои иқтисодӣ- 251 адад, таърих, илмҳои таърих- 127, ҳуқуқшиносӣ- 149, китобдорӣ, библиография- 6, фарҳанг, маориф- 198, истеҳсолию техникӣ- 30, тиббӣ- 38, фалсафа, илмҳои фалсафӣ- 64, осори бадеию таърихӣ- 620, асарҳои оид ба сиёсат ва сиёсатшиносӣ- 143, забоншиносӣ- 51, риёзӣ, илмҳои табиатшиносӣ- 79, ҷомеашиносӣ- 153, кишоварзӣ, саноат- 100 номгӯй ба нашр расонидааст.

Кормандони Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар марҳилаи соҳибистиқлолии давлат дар намоишгоҳҳои чопи китоб ва маҳсулоти полиграфӣ дар Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Беларус ва Қазоқистон фаъолона иштирок намуда, борҳо бо шоҳҷоза ва дипломҳо қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, соли 2009 китоби мусаввари «Рӯдакӣ» дар озмуни IV «Санъати китоб» бо ширкати давлатҳои аъзои ИДМ аз рӯи номинаи «Арт-книга» (Китоби мунаққаш) сазовори дипломи дараҷаи якум ва соли 2010 китобҳои «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» (ба забонҳои англисӣ ва форсӣ) аз рӯи номинаи «Наука и жизнь», «Эмомалӣ Раҳмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ» дар номинаи «Содружество» соҳиби диплом гардиданд. Соли 2013 дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб ва маҳсулоти полиграфӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон ширкат намуда, барои чопи босифати китоби «Тоҷикон» бо дипломи дараҷаи III, китоби «Хазинаи тиллоии тоҷикон» бо дипломи дараҷаи I, инчунин соли 2014 барои нашри китоби «Умари Хайём ва рубоиёти ӯ аз назари Савми Говинда» дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» бо ширкати давлатҳои аъзои ИДМ аз рӯи номинаи «Диолог культур» сазовори дипломи махсус гардид.

Инчунин соли 2020 дар XVII Озмуни байналмилалии «Санъати китоб», ки дар Ҷумҳурии Беларус доир гардид, китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои-миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Горизонты независимости» соҳиби «Шоҳҷоиза» гардид.

Ҳамзамон дар ин озмун китоб-мусаввараи «Тоҷикистон» дар номинаи «Арт-книга» дипломи дараҷаи дуюмро соҳиб шуд. Гузашта аз ин соли 2002 муассиса ба дарёфти медали тиллоии сифати Созмони байналмилалии «Бизнес Инишиатив Дайрекшн» сазовор гардид, ки он баҳои мунсифона ба сифати маҳсулоти чопии мунташираҳои «Ирфон» ба ҳисоб меравад.

Назокат ҚОДИРЗОДА,
муҳаррири бахши тоҷикии АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Октябрь 7, 2021 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТЕАТР-ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ театри тоҷик мустақил гардид
Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Пагоҳ дар Душанбе даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Давлати Кувайт тарҷумаи арабии китоби академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2024» муайян шуданд
Тоҷикистон соли 2027 мизбони Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор мегардад
Дар шаҳри Кӯлоб даври вилоятии Фестивали «Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон» баргузор гардид
ТОҶИКИСТОНИ ВОҲИД. Туҳфаи Пешвои миллат ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». 7 ноябр даври чоруми ин озмун оғоз гардида, пурра ба навор гирифта мешавад
Бахшида ба 125-солагии Фазлиддин Шаҳобов маҳфил баргузор гардид
Дар Москва ба бузургдошти академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмию амалӣ гузаронида шуд