КИНО НЕРУИ АҚЛОНИВУ ЗЕҲНИИ ҶОМЕАРО БАЛАНД МЕБАРДОРАД. Андешаҳои коршиносони соҳа дар ин маврид

Октябрь 16, 2021 09:03

ДУШАНБЕ, 16.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр ҳамасола дар Тоҷикистон Рӯзи кинои тоҷик  ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз таҷлили ин сана рушди кинои миллӣ, инъикоси дастовардҳои назаррас ва ҷалби масъулин ба рафъи камбудиҳо дар ин соҳа мебошад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар»  бо чанд нафар коршиносони соҳа оид ба рушд ва имкониятҳои кинои тоҷик суҳбат намуд.

Мусоҳиби аввалин — директори Кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови назди Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Муҳибназар Холназаров иброз дошт, ки  дар ҳама давру замон дар ҷомеа кино ҷойгоҳи махсуси худро дорад ва метавон гуфт, ки он  дар тарғиби  таъриху фарҳанги миллат ба ҷаҳониён ва  пос доштани арзишҳои миллӣ  дар ҷомеа яке аз воситаҳои  муҳим ва самаранок маҳсуб мешавад.

-Зеро маҳз тариқи филм ба таври  муфассал тамоми расму русум ва оину анъанаи миллӣ ба ҷаҳониён пешниҳод мегардад. Кино аз зумраи санъатест, ки тавассути он неруи ақлониву зеҳнии ҷомеаро метавон баланд бардошт ва онро ба роҳи дуруст ҳидоят намуд. Ҳамин муҳимияти киност, ки фаъолияти Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва дигар студияҳои амалкунанда марҳила ба марҳила  рушд намуда, сатҳу сифати кинои тоҷик  беҳтар мегардад, -афзуд дар тақвияти гуфтаҳояш  Муҳибназар Холназаров.

Ёдовар мешавем, ки кинои тоҷик фаъолияти худро 11 сентябри соли 1929 оғоз намудааст. Дар тӯли 92 соли  мавҷудият он симои мардуми тоҷикро дар вазъиятҳои гуногуни таърихӣ ва иҷтимоӣ инъикос карда, ҳамчун намунаи фарҳанги миллӣ дар ташаккулу таҳкими тафаккури миллат бо паймудани марҳилаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштаасту имрӯз низ ҳамин рисолатро бар дӯш дорад.

Муҳибназар Холназаров зикр кард, ки давоми як соли охир якчанд филмҳои касбӣ, аз қабили «Баҳори хазонрез», «Доғ», «Додараки  фариштаҳо»,  «Моҳича»,  «Бачаи  обӣ», «Автобус»   рӯйи навор омада, тамошобинони зиёде пайдо намуданд. Ҳамчунин филми «Сарбор» бо коргардонии Манзаралӣ Шералӣ дар Кинофестивали байналмилалии «Дурдонаҳои Роҳи Абрешим» дар Тошканд ҷоизаи “Беҳтарин филм”-ро ба даст овард, ки ин ҳама аз муваффақият ва рушди кинои тоҷик дарак медиҳад.

Киношинос  Тиллои Некқадам дар ин бора мегӯяд, ки дар замони соҳибистиқлолии мамлакат се барномаи рушди кино- «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020», «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» ва «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» қабул гардидаанд, ки ба соҳаи филмсозӣ такони ҷиддӣ бахшиданд.

Мавсуф илова намуд, ки бо мурури замон  ҷиҳати омода намудани филмҳои қобили қабули бинанда дар мамлакат дастгоҳҳои замонавӣ  ва мутахассисони ҷавони ҳирфаӣ дар рушди кинои тоҷик рӯйи кор омаданд,  аммо бо вуҷуди ин ҳама мушкилот дар ин соҳа зиёданд.

Мушкили асосӣ- ин мазмун, мундариҷа ва сифати филмҳои тоҷикӣ мебошад. Маҳз ҳамин камбудиҳост, ки кинои тоҷик имрӯз талаботи мардумро қонеъ гардонида наметавонад.

Дар ҳамин ҳол мунаққиди соҳаи кино Далери Имомалӣ гуфт,  ки “дар 30 соли Истиқлолияти давлатӣ,  бахусус дар даҳ соли охир  кинои тоҷик рушд намуд. Хусусан филмҳои фестивалӣ, ки солҳои охир мутахассисони ҷавони соҳаи кино бо заҳматҳои худ дар чандин фестивалҳои байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби ҷоизаҳо низ гашта истодаанд. Мутаассифона, дар мамлакат кинотеатрҳо қариб, ки фаъолият намекунанд. Агар дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон кинотеатрҳо ба истифода дода шаванду  коргардонҳо филмҳои омода намудаи худро пешкаши тамошобинон гардонанд ва соҳиби маблағ гарданд, мусаллам аст, ки фаъолияти худро дар самти рушди кинои тоҷик ҷоннок мегардонанд. Ҳоло ки сармоягузорӣ дар ин соҳа кам аст, аз ҳамин хотир аксари филмҳои таҳиянамудаи коргардонҳои мо ба талаботи замон ҷавобгӯй нестанд”.

Сокини пойтахт Абдухалили Абдусамад бар он назар аст, ки яке аз бохтҳои кинои тоҷик — ин нусхабардории бархе филмҳои тоҷикӣ аз рӯйи филҳои хориҷӣ мебошад, ки аксари ин гуна филмҳо аз  ҷониби коргардонҳои ҷавон ва студияҳои хусусӣ ба тамошобинон пешниҳод мегарданд.  Ӯ мегӯяд, ин гуна филмҳо ба рушди кинои тоҷик таъсири манфӣ мерасонанд, зеро ин филмҳо бемазмуну пастсифат буда, аз филмҳои хориҷӣ нусхабардорӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол киношинос Тиллои Некқадам гуфт, ки ҳама он филмҳое, ки чӣ аз ҷониби студияҳои давлатӣ ва чӣ хусусӣ омода ва пешниҳоди тамошобинон мегарданд, бояд аз назари  Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» гузаронида шаванд, то филмҳои қобили қабули бинанда  ба экран роҳ ёбанд.

Мавриди зикр аст, ки филмҳои тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тамоми бахшҳои дигар рушд намуда, дар кинофестивалҳои байналмилалии кишварҳои мухталиф иштирок карда, соҳиби ҷоизаҳо гаштаву мегарданд.

Кинои тоҷик- яке аз падидаҳои фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддаси худро дар назди мардуми хеш то андозае иҷро намуда истодааст, аммо дар баробари рушд ва муваффақияти кинои тоҷик дар ин самт мушкилоти зиёде вуҷуд доранд, ки киношиносон, мунаққидон ва коршиносон ин мушкилиҳоро ба таври гуногун арзёбӣ менамоянд.

Яке бар он назар аст, ки сармоягузорӣ ба ин соҳа кам аст, дигаре ҳирфаӣ набудани ҳунармандонро мушкил меҳисобад, севвумин беҳунарии коргардонҳоро асос мешуморад. Киношиносон изҳор мекунанд, ки дар ҳолати бартараф гардидани мушкилоти соҳа кинои тоҷик метавонад дар сатҳи олӣ рушд намояд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Октябрь 16, 2021 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе конференсияи байналмилалии «Густариши ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика» идома меёбад
Дар Бохтар аввалин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ баргузор гардид
Дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон ва масъалаҳои рушди фаъолияти китобдорӣ ва бойгонишиносӣ» ҳамоиш доир шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ҳайати намояндагони Академияи илмҳои Чин вохӯрӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон барномаи омӯзишии Мактаби театрии Александрин мегузарад
ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН. Дар шаҳри Ҳисор озмунҳои «Тоҷикистони ман!» ва «Шоҳнома Ватан аст!» доир мегарданд
Байни Тоҷикистон ва Италия Барномаи ҳамкории фарҳангӣ, илмӣ ва технологӣ барои солҳои 2024-2027 ба имзо расид
Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид