Кормандони милитсия ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии шаҳрвандон вазифаи худро содиқона иҷро намуданд

Октябрь 18, 2021 10:11

ДУШАНБЕ, 18.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 16 октябр дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти фаврӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 9 моҳи имсол бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, муовинони вазир, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласаи мазкур тариқи селекторӣ баргузор гардида, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ба воситаи алоқаи видеоӣ дар он иштирок намуданд.

Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки тамоми ҳайати шахсӣ ва қувваю воситаҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти таъмини амният ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии шаҳрвандон зимни баргузории ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласаҳои Шӯрои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки моҳи сентябри соли равон дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе доир гардиданд, ҳамчунин зимни баргузории якчанд чорабиниҳои сиёсӣ-фарҳангӣ ва гузашти низомӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ба хизмат сафарбар гардида, вазифаҳои худро содиқона ба ҷой оварданд.

Дар идомаи ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ Р.Раҳимзода камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро муҳокима намуда, ба тамоми сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дастгир намудани шахсони дар кофтуков қарордошта, тартибу низом ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард, таъмини амният, оромию осоиштагӣ, пешгирии содиршавии ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дод.

Ҳамчунин аз собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

 АКС: ВКД

Октябрь 18, 2021 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд