Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз ҳавои номусоиди рӯзҳои охири моҳи октябр ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат аз 28 то 31 октябр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ шуда, борон ва дар баландиҳои болотар аз 2000 метр барф меборад. Дар ноҳияҳои баландкӯҳ барфи шадид борида, ҳарорати ҳаво дар водиҳо то ба 10-12 дараҷа поин меравад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бар асари бориши барфу борон ҳаракат дар роҳҳо, бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ мушкил гардида, хатари резиши санг ба вуҷуд меояд. Бориши барфу борон роҳҳоро мушкилгузару хатарнок мекунад ва он метавонад сабаби афзоиши шумори ҳодисаҳои фоҷеабори нақлиётӣ гардад. Аз ин рӯ, ронандагон ва пиёдагардон дар рӯзҳои боронӣ бояд дучанд эҳтиёт карда, ба саросемагӣ роҳ надода, ҷони худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд.
Ронандагон мошини худро барои ҳаракат дар чунин шароит омода сохта, қоидаҳои бехатариро ҷиддӣ риоя намоянд. Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳолати фавқулода бо шумораҳои телефонҳои зерин ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва бахшҳои вилоятиву шаҳрӣ ва ноҳиявии он занг зада хабар диҳанд:
112, 221-13-31, 93 880 28 19;
Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе:
— 225-44-73, 225-44-76, 225-44-90;
Шуъбаи КҲФ дар шаҳри Ҳисор:
— (83139) 2-60-74, 2-60-45;
Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон:
— (83222) 2-35-05, 2-78-28;
Шуъбаи КҲФ дар шарҳи Кӯлоб:
— (83322) 2-36-60, 2-34-73;
Раёсати КҲФ дар ВМКБ:
— (83522) 2-40-57, 2-53-47;
Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд:
— (83422) 6-58-72, 5-15-55.
АКС: КҲФ ва МГ








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






