Маъмурияти дипломатии Сафири Беларус дар Тоҷикистон анҷом ёфт

Октябрь 8, 2021 15:25

ДУШАНБЕ, 08.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Ивановро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус ва равобити кишварҳоро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ карданд.

С.Муҳриддин ба О.Иванов барои фаъолияти назаррас  ва саҳми гузошта дар таҳкими ҳамкории шарокати стратегии Тоҷикистону Беларус изҳори миннатдорӣ намуда, ба мавсуф муваффақият орзу кард.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Президенти Беларус Александр Лукашенко Виктор Денисенкоро сафири нави Беларус дар Тоҷикистон таъйин кард.

АКС аз ВКХ ҶТ

Октябрь 8, 2021 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»