Миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистону Узбекистон 10 ёддошти тафоҳум дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 20.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 19 октябр дар Кохи фарҳанги «Суғдиён»-и маркази вилояти Суғд маросими кушодашавии Форуми «Имконоти тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо» баргузор гардид, ки дар он беш аз 400 нафар соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Давоми рӯз дар ҷаласаи панелӣ дар мавзӯи «Дурнамои рушди бахши сайёҳӣ» масъулину коршиносони соҳа масъалаҳои вазъи имрӯза ва дурнамои рушди соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҷаласаи панелӣ муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода сухан гуфт.
20 октябр меҳмонони дохиливу хориҷӣ дар маросими ифтитоҳи ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2021: Водии имконият» иштирок карданд.
Иштирокдорони форум дар баробари намунаҳои маҳсулоти корхонаҳои саноатӣ ва соҳаи кишоварзӣ бо имконияти сайёҳии кишвар аз наздик шинос гардиданд. Дар намоишгоҳ КВД “Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ”-и назди Кумита, ширкати сайёҳии «Артуч», Ассотсиатсияи тараққиёти сайёҳии Зарафшон, осоишгоҳҳои Баҳористон, Шифо ва дигар ширкатҳои сайёҳии шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, имконияти сайёҳиро муаррифӣ намуданд.
Дар заминаи гуфтушунидҳои дуҷониба дар доираи форум ва намоишгоҳ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, КВД «Маркази иттилоотии хизматрасониҳои сайёҳӣ», ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Фарғона, Самарқанд ва ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Узбекистон 10 ёддошти тафоҳум дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд.
Акс аз Кумитаи рушди сайёҳӣ








Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид






